Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтор ва таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанберо шарҳ дод
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, бар асари нақзи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор 1 майи соли 2021 тахминан соати 18-30 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар маҳаллаи Испечак 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сӯхтор ба амал омад.
Бар асари ҳодиса дар масоҳати 90 метри мураббаъ нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо зиёда аз 60 тонна маводи сузишворӣ оташ гирифта, 11 нафар ҷароҳати сабуки сӯзиши бадан гирифтанд.
Манбаъ таъкид кард, ки айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар ниҳодҳои дахлдор таҳқиқи ҷои ҳодиса давом дорад.
Қаблан манобеи Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории мутааллиқи ширкати TCH ба вуқуъ пайваста, ин иншоот комилан ба коми оташ рафт.
“Аввал, як ду-се дақиқа дуд баромаду сипас таркиши қавие иттифоқ афтод, ки ҳамаро нороҳат сохт. Ҳоло ҳаракати роҳ дар кӯчаи Зарафшон, наздики масҷиди мавсум ба “Мехкалон” баста шуда, кормандони оташнишонии шаҳр низ дар ҷои ҳодиса ҳузур доранд”, - гуфт як мусоҳиби Sputnik.
Лентаи хабарҳо
0