Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст

© Sputnik / Табылды КадырбековПограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Манобеъ аз деҳоти наздимарзии Исфара мегуянд, вазъ дар сарҳад ором аст, вале ҷониби Қирғизистон то ба ҳол техникаҳои ҳарбиро аз сарҳад бо Хоҷаи Аъло накӯчонидааст
ДУШАНБЕ, 1 май – Sputnik. Як манбаъи расмӣ аз шаҳри Исфара дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тибқи изҳороти дуҷониба, зуҳри дирӯз 30 апрел масъалаи хуруҷи нерӯ ва техникаҳои ҳарбӣ аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ниҳоӣ шуда буд, аммо то ба ҳол мошинҳои низомии ҷониби қирғизҳо аз сарҳад кӯчонида нашудааст.

“Қирғизҳо бояд аз шаб ба кучонидани ҳама намуд техникаҳои ҳарбӣ дар марз бо Хоҷаи Аъло оғоз мекарданд. Ҳоло дида мешавад, ки берун набурдаанд”, - гуфт манбаъ.

Ҷониби Тоҷикистон дар пайи гуфтушунид ва нашри изҳороти муштарак дар бораи берун кашидани нерӯҳо иктифо карда, шаби гузашта техникаҳои низомияшро аз марз берун кашидааст, гуфт манбаъ.
Рӯзи гузашта масъулони амниятии ҳар ду кишвар изҳороти муштарак ба нашр расонидаанд, ки тибқи он гуфта мешавад, ки ҷонибҳо аз соати 13:00-и 30 апрел хуруҷи мутақобилаи тамоми намуди нерӯ ва техникаи ҳарбиро аз қаламравҳои наздисарҳадӣ ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ оғоз намоянд, роҳҳоро кушоянд ва ҳаракати бемамонияти шаҳрвандонро таъмин кунанд.
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшиноси ҳарбӣ гуфт, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба кӣ манфиат меорад
Қарор аст, имрӯз ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Ботканд баргузор карда шавад ва дар кори он ба ҳисоби мақомоти амниятиву сарҳадбонӣ, инчунин Раҷаббой Аҳмадзода ва Омурбек Суваналиев, раисони вилоятҳои Суғду Ботканд иштирок мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала