Прапоршики донишҷӯ: ҳуввияти боз як ҷавони тоҷики кушташуда дар марз маълум гардид

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Ҷасурҷон Суярқулов, як афсари хурди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, яке дигар қурбониёни даргириҳои марзӣ будааст
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Яке аз пайвандони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, хабари марги Ҷасурҷон Суярқуловро рӯзи 29 апрел аз комиссариати ҳарбӣ доданд, ки фарзандамон ба шаҳодат расидааст.
“Субҳи ҳамон рӯз дар аввалин даргириҳо дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати деҳоти Ворух Ҷасурҷон аввал сахт захмӣ шуда, сипас, ҷон ба ҷонофарин супурдааст. Ҳамон бегоҳ хеле торик шуда буд, ки ҷасадро ба деҳа оварданд. Рӯзи 30 апрел ӯро ба хок супурдем”, - гуфт ӯ.
Ҷасурҷон Суярқулов 5 апрели соли 1993 дар деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) ба дунё омада, баъди хатми синфи 9 - ум барои таҳсил ба омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Аммо чанде нагузашта ин омӯзишгоҳ фаъолияташро қатъ кард. Ҷасурҷон ба хизмати ҳарбӣ рафт.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо
Ӯ дар сафи неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хизмат карда, пас аз адои он дар қисми ҳарбии хизматкардааш дар ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дар кор монд. Баъдтар дар ҷузву томҳои неруҳои марзбонӣ дар навоҳии Мурғобу Панҷ низ хизмат кардааст. Ду соли ахир дар қисми низомии мансуб ба неруҳои марзбонӣ дар мавзеи Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров машғули хизмат буд.
Ҷасурҷон Суярқулов ба манзури гирифтани маълумоти олӣ дар шуъбаи ғоибонаи бахши психологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ таҳсил мекард ва курси сеюмро хатм карда буд. Ба қавли шоҳидон, пас аз 25 апрели соли равон Ҷасурҷон Суярқулов бо иттифоқи дигар ҳамкоронаш дар қисми низомии Овчӣ Қалъача барои анҷоми сафари хизматӣ ба ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара эъзом шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала