Қирғизистон аз оташкушоӣ дар марз хабар дод: мақомоти Исфара рад кард

© Sputnik Машины из Чоркуха с отверстиями от пуль
Машины из Чоркуха с отверстиями от пуль  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти расмии шаҳри Исфара хабари тирпарронӣ дар ҳудуди деҳаи Чорқишлоқ ҳаммарз ба Қирғизистонро рад карданд
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Хадамоти марзбонии ин кишвар дар бораи сурат гирифтани тирпарронӣ аз сӯи сарҳадбонҳои тоҷик хабар доданд.
Аммо манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин хабари ҷониби қирғизҳоро беасос ва дурӯғ номиданд.
“Мо ҳам шунидем, ки гӯё дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳраки Исфара сӯи як мошин тир холӣ шуда бошад, аммо маълум шуд, ки ин хабар дуруғ аст”,- гуфт манбаъ.
То соати 12:45 ба вақти маҳаллии вазъ дар миёни деҳоти наздимарзии тоҷикон ва қирғизҳо пуршиддат арзёбӣ мешавад.
Манбаъ гуфт, шаби гузашта ҷонибҳо мебоист техникаҳои ҳарбиро то соати 20: 00 аз марз берун мекашиданд, аммо Қирғизистон инро накард.
Гуфта мешавад, дар пайи ин беамалии қирғизҳо, ҷониби Тоҷикистон низ ногузир техникаҳои ҳарбиашро дубора ба марз интиқол дод.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марз ором аст, вале Қирғизистон то ҳол техникаҳои ҳарбияшро накӯчонидааст

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сиёсатшиноси ҳарбӣ гуфт, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба кӣ манфиат меорад
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0