https://sputnik.tj/20210501/qirghiziston-otashkushoi-marz-tojikiston-1039203119.html
Қирғизистон аз оташкушоӣ дар марз хабар дод: мақомоти Исфара рад кард
Қирғизистон аз оташкушоӣ дар марз хабар дод: мақомоти Исфара рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар оташкушоии навбатӣ дар марз айбдор мекунад
2021-05-01T12:23+0500
2021-05-01T12:23+0500
2021-05-01T13:04+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178422_58:0:1647:893_1920x0_80_0_0_0128f85d433c39c273437be957f71a2a.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Хадамоти марзбонии ин кишвар дар бораи сурат гирифтани тирпарронӣ аз сӯи сарҳадбонҳои тоҷик хабар доданд. Аммо манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин хабари ҷониби қирғизҳоро беасос ва дурӯғ номиданд. То соати 12:45 ба вақти маҳаллии вазъ дар миёни деҳоти наздимарзии тоҷикон ва қирғизҳо пуршиддат арзёбӣ мешавад.Манбаъ гуфт, шаби гузашта ҷонибҳо мебоист техникаҳои ҳарбиро то соати 20: 00 аз марз берун мекашиданд, аммо Қирғизистон инро накард.Гуфта мешавад, дар пайи ин беамалии қирғизҳо, ҷониби Тоҷикистон низ ногузир техникаҳои ҳарбиашро дубора ба марз интиқол дод.Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд. Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
https://sputnik.tj/20210501/marz-orom-qirghiziston-tehnika-harbi-nakuchond-1039201492.html
https://sputnik.tj/20210501/munoqisha-marz-tojikistonu-qirghiziston-manfiat-1039197311.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039178422_257:0:1448:893_1920x0_80_0_0_910f040f86a5e66b6682e5b4e92b763d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
марз, тоҷикистон, қирғизистон, оташкушоӣ
марз, тоҷикистон, қирғизистон, оташкушоӣ
Қирғизистон аз оташкушоӣ дар марз хабар дод: мақомоти Исфара рад кард
12:23 01.05.2021 (Навсозишуда: 13:04 01.05.2021) Мақомоти расмии шаҳри Исфара хабари тирпарронӣ дар ҳудуди деҳаи Чорқишлоқ ҳаммарз ба Қирғизистонро рад карданд
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба Хадамоти марзбонии ин кишвар дар бораи сурат гирифтани тирпарронӣ аз сӯи сарҳадбонҳои тоҷик хабар доданд.
Аммо манобеъ аз ҳукумати шаҳри Исфара ин хабари ҷониби қирғизҳоро беасос ва дурӯғ номиданд.
“Мо ҳам шунидем, ки гӯё дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати деҳоти Шаҳраки Исфара сӯи як мошин тир холӣ шуда бошад, аммо маълум шуд, ки ин хабар дуруғ аст”,- гуфт манбаъ.
То соати 12:45 ба вақти маҳаллии вазъ дар миёни деҳоти наздимарзии тоҷикон ва қирғизҳо пуршиддат арзёбӣ мешавад.
Манбаъ гуфт, шаби гузашта ҷонибҳо мебоист техникаҳои ҳарбиро то соати 20: 00 аз марз берун мекашиданд, аммо Қирғизистон инро накард.
Гуфта мешавад, дар пайи ин беамалии қирғизҳо, ҷониби Тоҷикистон низ ногузир техникаҳои ҳарбиашро дубора ба марз интиқол дод.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 31 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.