“Ҳатто кӯдакон ҳамовозӣ карданд”: консерти “Хори Туретский” дар Душанбе

© Amir IsaevВыступление "Хора Турецкого" в Душанбе
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Тарҳи “Таронаҳои Зафар” – и “Хори Туретский” ва “СОПРАНО”, ду гурӯҳи маъруфи мусиқии Русия дар шаҳри Душанбе низ иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, дар расми ифтитоҳи ин консерт, ки бо ширкати садҳо нафар дар майдони 800 – солагии Маскав дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гуфт, тарҳи “Таронаҳои Ғалаба” – ро ҳукумати кишвараш ба он хотир ҳимоят мекунад, ки ба ҷаҳониён аз Ғалабаи бузург, дастоварди муштараки мардуми Шӯравӣ, ба ҷаҳониён ёдовар шавад.
“Силсилаконсертҳои гуруҳи маъруфи мусиқии Михаил Туретский дар тамоми дунё баргузор шуданд. Зимни онҳо таронаҳои низомӣ садо медиҳанд. Дар Душанбе махсус дар остонаи солгарди навбатии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мешавад, то тамошобинонро дигарбора ба ёди он Ғалабаи бузург барад”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.
"Хори Туретский", як гуруҳи мусиқии Русия аст, ки аз сӯи Ҳунарманди мардумии Русия Михаил Туретский поягузорӣ шуда, бар бисёровозӣ, овози зинда ва тамоси мустақим бо тамошобинон ихтисос дорад. Ҳудуди 15 хонандаи он ҳамагӣ мардонанд, ки овозҳои мухталиф доранд. “СОПРАНО-и Туретский” низ аз сӯи Михаил Туретский таъсис ёфта, вижагиҳои гурӯҳи аввалро дорад, аммо хонандагони он ҳамагӣ занонанд.
© Amir Isaev
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/1
1/1
Тарҳи "Таронаҳои Ғалаба" ё Unity Songs (Таронаҳои ваҳдат) тарҳи мусиқии сулҳофаринии Михаил Туретский аст, ки соли 2015 ба манзури ҳифзи хотираи таърихии ҳаводиси Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ тариқи мусиқӣ арзи вуҷуд карда, то ба ҳол дар ҳудуди 50 кишвари дунё, аз ҷумла Фаронса, Чехия, Словения, Австрия, Олмон, Белорус, Исроил ва Амрико, иҷро шудааст.

“Маъмурияти бузург”

Михаил Туретский гуфт, шояд дар Олмон таронаҳои мо мардумро ба фикри мағлубияташон барад, аммо ҳадафи мо муттаҳид шудан бо ҷаҳон, Аврупо, Чин, ҳатто Амрико ва он ҳам танҳо ба хотири як ҳадаф – ҳифзи сулҳи ларзонаки мост.
“Қиматтарин чизе, ки мо дорем, як осмони софу мусаффо ва пур аз сулҳи тори сари мост. Мусиқӣ ва таронаҳо пули дӯстиянд. Яхи нобовариҳоро зуд об мекунанд. Мо ин пулҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳумро эҷод мекунем”, - гуфт ҳунарманди маъруф.
© Amir Isaev
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/1
1/1
Анна Королик, хонандаи гурӯҳи бадеии “СОПРАНО-и Туретский”, гуфт, дар тамоми ҷаҳон аз мо хубу гарм истиқбол мекунанд, ҳар ҷо ки наравем.
“Мусиқӣ як чизест, ки ботинӣ ва руҳонӣ аст ва ҷозибаи зуд ба ҳам наздик кардани инсонҳоро дорад. Тарона наздик месозад, кӯмак мекунад, ки дӯст дорем ва кору зиндагӣ кунем”, - гуфт ӯ.
Анастасия Панфилова, сарояндаи дигари гурӯҳи “СОПРАНО-и Туретский” мегӯяд, бори аввал ба Душанбе омада, як фарҳанги ҳайратовар, мардуми пурэнерживу зебову нек ва ҳангоми сайругашт як шаҳри тару тоза ва озодаро дидааст.
“Мо бо як маъмурияти бузург ин ҷо омадем. Тариқи мусиқии бузург, тариқи лафзи бузурги русӣ мо қаҳрамонии мардуми худро ситоиш мекунем. Мардуми мо мардуми тамоми ҷаҳон аст, тамоми ҷаҳонро дарбар мегирад”, - гуфт ӯ.
© Amir Isaev
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/1
1/1

“Шаҳри ғайрипандемик”

Михаил Туретский низ гуфт, ки бори аввал ба Душанбе омадааст ва панҷоҳумин консерти тарҳи "Таронаҳои Ғалаба" иҷро хоҳад кард. Вай афзуд, фақат пандемия аст, ки дар кори гуруҳаш тағйир ворид кардааст, аммо дар ин миён дар ҳашт майдони шаш кишвар бо маҳдудият, тестҳо ва ниқобҳо бузургтарин ва боҳашаматтарин консертҳоро барпо кард.
“Мо ифтихор дорем, ки Душанбе ва тамоми Тоҷикистон осеби зиёде аз ин пандемия надидааст. Шояд ҳамсоягон зудтар дарҳояшонро бастанд. Шояд як сиёсати хеле хирадмандона низ пеш гирифта шуд, ки осеби зиёд ба мардум нарасид. Хуллас, мо як консерти ғайрипандемикие хоҳем дошт”, - гуфт Михаил Туретский.
Вай бо шухӣ инро ҳам зикр кард, ки ҳамаи аъзои гурӯҳаш антитела доранд.
“Шаш моҳ пеш ҳамаи мо дар Маскав ин маризиро пушти сар карда будем. Касе аз мо дар шифохона ҳам хоб накард, зеро мо як масъунияти ҷамъӣ дорем ва мусиқӣ ҳам моро ҳимоят мекунад”, - гуфт ҳунарманди маъруф.

Як соат дар Шӯравӣ

Ба ҳамин минвол, тақрибан соати ҳашти бегоҳ "Хори Туретский" ва “СОПРАНО-и Туретский” ба иҷрои барномаи худ шурӯъ карда, таронаҳои дар замони Шӯравӣ маъруф ва ҳанӯз аз хотираи мардуми Тоҷикистон зудуданашудаи “Ҷанги муқаддас”, “Рӯзи Ғалаба”, “Ҷанг”, Катюша”, "Лаҳзаҳо" ва ҳатто таронаи бачагонаи “Бигзор ҳамеша офтоб бошад” – ро иҷро карданд, ки мавриди истиқболи ҳозирин қарор гирифт.
Константин Паршин, овозхон ва мусиқисоз, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳатто бархе таронаҳоро деклама карданд, ки як латофату аҷобати худро дошт.
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
1/1
1/1
“Муҳим ин буд, ки шахсан худро як бор дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ тасаввур кардам ва ба ёд овардам, ки чаро мо бояд аз падарони худ миннатдор бошем. Ҳатто ба таронаҳо кӯдакон аз миёни издиҳом ҳамовозӣ мекарданд, ки ин ҳам маънии зиёд дорад”, - гуфт ӯ.
Шояд аз беҳтарин бардоштҳо ба Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон, тааллуқ дошт, ки гуфт, ҳунармандон гоҳо беҳтар аз ҳайатҳои сиёсӣ муваффақиятҳои бештарро барои инсонҳо камоӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала