Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Захарова: Русия омода аст дар ҳалли баҳси Душанбе ва Бишкек кумак кунад

© МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксБрифинг официального представителя МИД России М. Захаровой
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ба хабаргузории Sputnik мусоҳиба дод
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Русия созишномаҳои оташбасро истиқбол мекунад ва омода аст дар ҳалли вазъ дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон кумак кунад.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар мусоҳиба бо Sputnik гуфтааст.
"Мо қарори Бишкек ва Душанберо дар бораи таъсиси як гурӯҳи кории муштарак дастгирӣ мекунем. Вазифаҳои он корҳои иттилоотӣ бо аҳолӣ ва мониторинги вазъ дар ин минтақаро дар бар мегиранд. Русия омода аст, ки барои ҳалли ҳаргуна масъалаҳои баҳснок бо роҳи сиёсӣ ва усулҳои дипломатӣ кумак кунад", - гуфт вай.
Захарова гуфт, ки даъватҳои мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистонро ба диаспораҳои муқими Русия барои ҷилавгирӣ аз амалҳои таҳрикомез мусбат арзёбӣ мекунад
Нозим Иброҳимзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва ҳамтои  қирғизистонияш Суюнбек Омурзоқов ҳангоми гуфтушунид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Созиш барои хидмати якҷояи милисаҳои тоҷику қирғиз дар минтақаи низоъ - видео
"Ин як изҳороти муҳимест, ки аз равишҳои сатҳи олӣ сухан мегӯяд, вақте ки сиёсатмадорон ва ҳукумати кунунӣ вазъро ба хубӣ дарк мекунанд ва мардумро даъват мекунанд, ки ба ин кор ҷалб нашаванд ва ба эҳсосоту иғвоҳо дода нашаванд" вай таъкид кард.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Оғози гуфтушуниди марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Раҳмон ба Тоқаев аз таърихи муноқишаи марзӣ гуфт: мулоқоти сарони Тоҷикистону Қирғизистон
Дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон то 15 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 33 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала