Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

СААД ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли низоъ кумак пешниҳод кард

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Пас аз музокироти сатҳи баланд байни вазирони корҳои хориҷӣ ва сарвазирони ҷумҳуриҳо, дар бораи қатъи оташ ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд. Аммо даргирӣ рӯзи 30 апрел низ идома кард
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Дабири кулли СААД Станислав Зас ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли низои марзӣ ба кӯмаки ин созмонро пешниҳод кард.
"Вазъ бояд танҳо дар мизи музокирот бо роҳҳои осоишта ҳал карда шавад. СААД омода аст, ки Қирғизистон ва Тоҷикистонро барои ин ҳама кӯмакҳои заруриро расонад", - гуфт дабири кулли СFАД, хабар медиҳад РИА Новости.
Зас таъкид кард, ки ба маргу азобҳои минбаъдаи одамон роҳ додан ғайриимкон аст.
Ӯ инчунин ба оилаҳо ва дӯстони мардуми фавтида аз ҳарду ҷониб изҳори тасаллият кард.
"Боварӣ дорам, ки роҳбарияти ҳарду давлат хирадманданд ва барои ҳалли ин мушкилоти мураккаби марзӣ дар доираи раванди гуфтушуниди байнидавлатӣ азми кофӣ доранд", - гуфт Зас.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Захарова: Русия омода аст дар ҳалли баҳси Душанбе ва Бишкек кумак кунад

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Личный состав пограничного поста Максат - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Бишкек ба ҳалли мусолиматомези низоъ дар марз бо Тоҷикистон умедвор аст
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел вазъ дар марз аз назорат берун шуда, ба тирпарронӣ байни марзбонони ду кишвари ҳамсоя мубаддал гаштааст.
Тибқи маълумоти охирин, аз ҷониби Тоҷикистон то 15 нафар сокинон кушта ва 110 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки миёнашон раиси шаҳри Исфара низ ҳаст.
Қирғизистон бошад, аз кушта шудани 33 тан ва маҷрӯҳ гаштани 154 нафар хабар медиҳад.
Ёдовар мешавем, дар натиҷаи музокироти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо тасмим гирифта шуд, ки он имрӯз доир гашт ва ҷонибҳо ба хатми пурраи муноқишаи мусаллаҳона мувофиқа карданд.
Бар асоси ин мувофиқа муноқиша пурра хомуш ва нерӯҳо аз марзҳо дур карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала