Садамаи доварони футбол дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

© ФФТНасим Ҳамидов дар миёна
Насим Ҳамидов дар миёна - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Обуна шудан
Федератсияи футболи Тоҷикистон маҷбур шудааст, сардовари бозии даври панҷуми Coca-Cola - чемпионати Тоҷикистон-2021 "Эсхата" - "Истаравшан"-ро иваз кунад
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Ба иттиллои дафтари матбуотии ФФТ, гурӯҳи доварон бо роҳбарии Насрулло Кабиров аз Норак, ки рӯ 30 апрел аз Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард, ба садамаи нақлиётӣ дучор шуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар робита ба ин шӯъбаи доварӣ ва бозрасии ФТФ маҷбур шуд, ки сармураббӣ, ёвари аввали довар ва нозири доварони бозии “Эсхата” - “Истаравшан” -ро иваз кунад.
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Аёдати Абдуллозода аз 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" ва суҳбат бо пайвандонашон
Манбаъ мегӯяд, ба ҷои Насрулло Кабиров, бозиро Насим Ҳамидов довари душанбегӣ ҳакамӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки бозии даври панҷуми Coca-Cola - чемпионати Тоҷикистон-2021 Эсхата - Истаравшан пагоҳ, имрӯз дар варзишгоҳи "Спартак" -и шаҳри Хуҷанд соати 17:00 баргузор мешавад.
Ин ниҳод дар бораи вазъи доварони ба садама дучоршуда иттилои бештаре надодааст
Лентаи хабарҳо
0