Таассуфи СММ аз қурбониёни низои марзӣ ва истиқболаш аз гуфтугӯи Раҳмону Ҷабборов

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи акс70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН
70-я сессия Генеральной Ассамблеи ООН - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Намояндаи махсуси дабири кулли Созмони милал оид ба Осиёи Марказӣ Наталя Герман ба мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бинобар муноқиша дар марз тамос гирифтааст
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Фархан Хак, муовини намояндаи расмии дабири кулли созмони байналмилалӣ гуфт, СММ Тоҷикистон ва Қирғизистонро даъват кард, ки талошҳои худро барои ҳалли мусолиматомези баҳсҳои марзӣ тақвият диҳанд.
"Намояндаи махсуси дабири кулл дар Осиёи Марказӣ Наталя Герман бо вазирони корҳои хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон гуфтугӯҳои телефонӣ барои баррасии вазъи кунунии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон анҷом дод",- гуфт Хак.
Ба гуфтаи ӯ, Герман дар робита бо маргу захмӣ шудани мардум изҳори таассуф кардааст.
Фиристодаи вижа музокироти миёни президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборовро истиқбол кардааст.
Фирӯзи Рамазон, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти  Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Нигаронии сиёсатшиноси тоҷик аз афкори ҷомеа ва даъват ба сулҳ: "бадбинӣ манфиат надорад"
"Вай аз қадамҳои паст кардани шиддати вазъ изҳори пуштибонӣ кард ва аз ҳарду ҳукумат даъват кард, ки кӯшишҳои худро барои ёфтани ҳалли пойдори масоили баҳсҳои марзӣ бо роҳи осоишта тақвият диҳанд", - гуфт Ҳак.

Низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, тарафҳо муваззаф гардидаанд, ки техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Созиши Ятимов ва Тошиев барои бозпасгирии техникаву нерӯ аз соати 13:00 ва роҳкушоӣ
Расман мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи теъдоди ҳалокшудагону ҷароҳатбардоштагон иттилоъ надодаанд.
Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, дар натиҷаи муноқиша дар марз бо Тоҷикистон, 31 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи ӯ, то соати 18:00 рӯзи 30 апрел, шумораи ҷароҳатбардоштагон ба 154 нафар расид.
"Аз 154 захмбардошта, 121 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд", - тавзеҳ додааст Солтонбекова.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала