Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Мирзиёев дар ҳалли муноқишаи Тоҷикистону Қирғизистон фаъолона ширкат мекунад

© пресс-служба президента УзбекистанаПрезидент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Кыргызстана Садыр Жапаров
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дубора гуфтугӯи телефонӣ доир кардаанд
ДУШАНБЕ, 1 май - Sputnik. Тибқи иттилои котиботи президенти Қирғизистон мулоқоти Ҷабборов бо Мирзиёев имрӯз сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта низ президентҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон телефонӣ мулоқот доштанд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба рӯйдодҳои охирин дар қисмати сарҳадии Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, афзудааст манбаъ.
Ҷонибҳо ба туфайли кӯшишҳои ҳамоҳангшудаи муштарак аз муътадил шудани вазъ дар сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, Сидир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев бори дигар тасмими устувори худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи минтақавӣ тавассути муколамаи созанда ва боэътимод бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки байни халқҳои бародари кишварҳо бори дигар тасдиқ карданд.
Ёдовар мешавем, ҳамзамон имрӯз мулоқоти такрории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сидир Ҷабборов доир гашт.
Тибқи иттилои котиботи Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо амалӣ гардонидани мувофиқаҳои ҳосилшуда ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Суҳбати дубораи Раҳмону Ҷабборов: таъкид ба оташбаси комилу гардондани нерӯҳо
Қаблан созиш шуда буд, ки имрӯз 1 май дар вилояти Бодканд ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ дар мавриди аломатгузории марз баргузор шавад.
Даргирӣ миёни низомиёни Тоҷикистону Қирғизистон 29 апрел шиддат гирифта, ҷонибҳо ҳамдигарро дар оғози типарронӣ муттаҳам мекунанд. Феълан барои оташбас созиш шуда, ҷонибҳо муваззаф гардида буданд, ки аз соати 13:00-и 30 апрел техникаю нерӯҳоро ба макони будубоши доимияшон интиқол диҳанд, роҳҳоро кушоянд ва рафтуомади шаҳрвандонро таъмин созанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала