Владимир Путин Иди Пасхаро таҷлил кард - видео

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин масеҳиёни православӣ ва тамоми шаҳрвандони Русияро, ки Иди Писҳо (Пасха) -ро таҷлил мекунанд, табрик кард
Владимир Путин ҳамасола ба Калисои ҷомеи Масеҳи ноҷӣ дар Маскав Масеҳи барои таҷлили Пасха омад.
Патриархи Маскав ва Русия Кирилл одатан шаби шанбе то якшанбе дар ин калисо маросими ниёиш баргузор мекунад.
Дар соли 2021 шаҳрвандон низ тавонистанд дар таҷлили Писҳо ширкат кунанд.
Аз маъбад президенти Русия Владимир Путин ва шаҳрдори Маскав Сергей Собянин низ боздид карданд.
"Иди Писҳо, ки дар худ тантанаи ҳаёт, некӣ ва адолатро таҷассум мекунад, аҳамияти азими ахлоқӣ дорад. Он имон, умед ва хоҳиши кумак ба дигаронро бедор мекунад", - навиштааст хадамоти матбуотии Кремл аз қавли Владимир Путин.
Писҳо — иди аслии масеҳиёни православӣ аст. Он дар рӯзи якшанбеи якум, пас аз итмоми комили моҳи аввали баҳор — байни 4-уми апрел ва 8-уми май (22-юми март ва 25-уми апрел тибқи услуби қадима), ва баъд аз иди Писҳои яҳӯдиён — Песаҳа, ҷашн гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала