Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ 11 парвандаи ҷиноӣ боз кард

© Facebook / Мирзосодик СангиновТаниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Таниши навбатии марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Тафтишоти пешакиро мақомоти КДАМ, ВКД Қирғизистон ва Прокуратураи ҳарбии кишвар мебаранд
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Қирғизистон хабар дод, дар кишвар дар робита ба ҳодисаҳои марзӣ бо Тоҷикистон 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Бино бар иттилои манбаъ, муовини вазири корҳои дохилии кишвар Эркебек Аширхоҷаев ин қазияро шарҳ додааст.
Бино бар иттилои вай, аз ҷумла оид ба "асиргирӣ"-и шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст
"11 парванда бо моддаҳои "Одамкушӣ", "Ошӯб", "Ҷиноятҳо алайҳи сулҳ", " Авбошӣ" "Нақзи марз" ифтитоҳ шудааст", - таъкид кардааст муовини вазир.
Ёдрас мешавем, пештар Прокуратураи генералии Қирғизистон изҳор дошта буд, ки бо далели даргириҳои рӯзи 29 апрел дар вилояти Бодканд парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Прокуратура дар бораи "нақз"-и созишномаи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи муносибатҳои дӯстона ва шарикона аз 26 майи соли 2004 изҳор доштааст.
Парванда бо моддаи 380 "Ҷинояти зидди сулҳ"- и Кодекси ҷиноии Қирғизистон боз шудааст. Тафтишоти пешакиро гурӯҳи кормандони ниҳодҳои КДАМ, ВКД ва Прокуратураи ҳарбии Қирғизистон мебаранд.
Феълан мақомоти Тоҷикистон дар ин изҳороти ҷониби Қирғизистон изҳори назар накардаанд ва дар бораи боз шудани ин ё он парвандаи монанда дар Тоҷикистон иттилое надодаанд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон шоми шоми 28 апрел шадидтар шуд. Ҷанҷол дар нуқтаи тақсимоти оби Головная, ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Машины из Чоркуха с отверстиями от пуль  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хокистар ва муҳиммоти ҷангӣ: рӯзноманигори тоҷик пайомади низоъ дар марзро нишон дод
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сабабгори муноқиша шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки онҳоро раиси вилояти Ботканд Акилбек Оразов таҳрик додааст.
Аз ҷумла, сокинони як кишвари ҳамсоя ин биноро ишғол карданд ва ба сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон санг андохтанд.
Гуфта мешавад, дар ин муноқиша ҷониби ҳамсоякишвар низомиёнашро дар либоси мулкӣ истифода кард.
Дар ҳамин ҳол, Бишкек ин изҳорот рад кард ва гуфт шаҳрвандони Тоҷикистон аввалин шуда муноқишаро нишондода, ба сӯи ҳамсоягонашон аз силоҳ оташ кушоданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала