КҲФ: ҷароҳати 26 мард ва 3 зан - ҳоли яке вазнин: тафсилоти нави сӯхтор дар Душанбе

© МВД РТПожар в Душанбе
Пожар в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода гуфт дар паи сӯхтор дар Душанбе чанд кас маҷрӯҳ шуд
ДУШАНБЕ, 2 май - Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар паи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе, 29 кас ҷароҳатдор шуд.
Тибқи иттилои КҲФ, дар натиҷаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе 29 нафар шаҳрвандон зарарҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта: 13 нафар ба Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе ва 16 нафар ба Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
Последствия взрыва АЗС в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Паёмадҳои таркиши бузург дар нуқтаи сӯзишворӣ дар Душанбе - акс
Аз Муассисаи давлатии Маркази миллии Шифобахш 12 нафар ва аз Маркази тиббии №3-и шаҳри Душанбе 10 нафар баъди муоинаи табибон ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.
"Айни замон дар Маркази миллии Шифобахш 4 нафар ҷароҳат бардоштагон бистарианд, ки ду нафари онҳо ҳоли вазнин доранд. Се нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст", - омадааст дар хабарнома.
КҲФ мегӯяд, сӯхтор талафоти ҷонӣ надоштааст ва сабабҳои сар задани сӯхтор аз ҷониби мақомоти марбута санҷидаву таҳлил мешавад.
Ёдрас мешавем, 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод.
Нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ 64, хонаи 72 тааллуқ дорад, баногаҳ оташ гирифт.
Таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Сӯхтори 60 тон сӯзишворӣ ва ҷароҳати 11 нафар: шарҳи расмии таркиш дар Душанбе – видео
Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе соати 18:50 дақиқа дар ҳайати 2 гурӯҳ иборат аз 12 нафар бо 2 автомашинаи садамавӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардидаанд.
КҲФ мегӯяд, барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, 16 адад техникаи махсуси сӯхторхомӯшкунии ҷузъу томҳои Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 13 адад техникаҳои Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 9 адад техникаи ёрии таъҷилӣ ва беш аз 50 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 2-и ноҳияи Сино дар ҷойи ҳодиса фаъолият карданд.
"Забонаи оташ ба ҳадде бузург буд, ки танҳо соати 22:12 ба пуррагӣ хомӯш карда шуд", - афзуд манбаъ.
Инчунин дар натиҷаи сӯхтор болопӯши мағозаи шафати НФС-и мазкур, девори саҳни ҳавлии хонаи №17 дар суроғаи ёдшуда ва шишаҳои тирезаҳои боғчаи хусусии кӯдаконаи “Фазл-2010” қисман зарар диданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала