Таъмин шудани ҳудуди 500 нафар бо ҷои кор дар ноҳияи Рӯдакӣ

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузариш ба медиабонкПоиск вакансий в Москве, архивное фото
Поиск вакансий в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Обуна шудан
Дар назар аст, ки соли 2021 даҳ маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор шаванд.
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар натиҷаи гузаронидани ярмаркаҳо ҷойи кори холӣ 457 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 аз корхонаву ташкилот маълумоти ҷойҳои кории ишғолнашударо ҷамъоварӣ намуда, моҳе ду маротиба тавассути тахтаи эълонҳо ба корҷӯён пешниҳод мекунад.
Президент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2021
Раҳмон гуфт, 1 млн ҷои кор ташкилу муҳоҷират 60% кам шуд: ҳушдорҳои наврӯзии 2021 - видео
Дар ноҳияи Рӯдакӣ барои амалӣ намудани "Барномаи давлатии шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022" ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон "Дар бораи ҳифзи меҳнат" мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод ташкил менамоянд.
Дар назар аст, ки соли 2021 даҳ маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор шаванд.
Дар семоҳаи аввали соли равон 1174 нафар шаҳрвандон бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд, ки 1095 нафарашон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуданд.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 803 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.
Дар се моҳи аввали соли равон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ се маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод баргузор кард, ки дар ҳар яки он ба ҳисоби миёна 23 корфармо иштирок намуда, ҷойҳои холии кориро муаррифӣ карданд.
Дар вилояти Маскав усули нави ба кор ҷалб кардани муҳоҷиронро ташкил мекунанд
Дар ин замина, ба 42 нафар барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун роҳхат дода, 38 нафар ба ҷойи кори доимӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 18 кас зан мебошанд.
Ҳамчунин дар се моҳи сипаришуда 196 нафар шахсони бешуғл барои касбомӯзӣ ба маркази таълимӣ сафарбар шуданд.
Лентаи хабарҳо
0