Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тошиев гуфт, "аз эҳтимоли задухӯрд" хабар доштему "нахостем пӯстинро барои кайк сӯзонем"

© Sputnik / Табылды КадырбековАрхивное фото Камчибека Ташиева
Архивное фото Камчибека Ташиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Обуна шудан
Роҳбари КДАМ Қирғизистон гуфтааст, ки мақомоти кишвараш аз эҳтимоли задухӯрди мусаллаҳона хабар доштанд
ДУШАНБЕ, 2 мая — Sputnik. Роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар мулоқот бо сокинон гуфтааст, ки мақомоти кишвараш аз "эҳтимоли задухӯрди мусаллаҳона дар марз" хабар дошт.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон гузориш медиҳад.
Ба гуфтаи вай, барои ҳамин кишвар дар вилояти Бодканд техникаи ҳарбиро омода карда буд.
Музокираи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Протоколи марзие, ки соати сеи шаб имзо шуд: Ятимов ва Тошиев чӣ кор карданд? - видео
"Аз ҳамин сабаб мо задухӯрди калонро дар рӯзи авал пешгирӣ кардем. Қувваи мо мерасид, аммо мо аз масали "барои кайк шуда пӯстинро насӯзон" истифода кардем", - гуфтааст роҳбари КДАМ.
Ӯ дар ҳамин ҳол таъкид кардааст, ки ҳамаи иншооти тахрибшуда барқарор мешаванд. Сохтмон пас аз ҳафтае оғоз мешавад. Мақомоти кишвар ҳатто мошинҳои сӯхтаи сокинонро ҷуброн мекунад. Тошиев ваъда додааст, ки роҳбарияти кишвараш барои пардохти фоизи қарзҳо ҳам чораҷӯӣ мекунад.

"Аз ҷониби Тоҷикистон ҳоло ҷуброни хисоротро талаб намекунем. Зеро интизорем, ки кай онҳо худашон айбро ба гардан мегиранд. Сипас мебинам", - гуфтааст Тошиев.

Ёдрас мешавем, ин бори авал нест, ки Тошиев бо чунин изҳоротҳои "баландаш" дар мавриди марз "ситора"- и расонаҳои Тоҷикистон мешавад.
Ӯ пештар низ дар мавриди ҳалли қазияи Ворух пешниҳод карда буд, ки "Тоҷикистон Ворухро бо қаламраве аз Қирғизистон иваз кунад".
Ба ин изҳороти ӯ, ки гуфта буд, посухеро аз мақомоти Тоҷикистон интизор аст, аслан мақомоти Тоҷикистон посухе ҳам надоданд, аммо боиси вокуниши тунди сиёсатмадорони тоҷик шуд.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Тошиев: марзбонҳои тоҷик қаламрави Қирғизистонро тарк кунанд, марз симхорбандӣ мешавад
Аз ҷумла Ҳамроҳхон Зарифӣ, дипломати варзидаи тоҷик, собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ин маврид изҳори назар кард.
Собиқ вазири тоҷик афзуд, ки дар баробари ин дурӯягиро қабул надораду имконпазир намедонад, ки нафаре бо шеваи табартақсим масъалаи ҳудудиро ҳал намояд, ки аз он ояндаи халқ вобаста аст.
"Чӣ гуна мешавад, Ворухро бо девори оҳанин баст ё сокинонашро аз заминҳои қадимияшон ронд, ки дар он ҷо садсолаҳо аҷдодашон хок шудаанд ва бо ин тарз руҳия ва мероси таърихияшонро хароб кард?”, - суол гузошт Ҳамрохон Зарифӣ.
Ӯ идома додааст, ки чӣ гуна бо чунин шева метавон дар бораи тақдири халқ суҳбат карду пешниҳодҳои ҳарза ва сафсатадорро кард. Собиқ вазири тоҷик таъкид намудааст, ки изҳороти Тошиев хилофи меъёрҳои этикии гуфтушунидҳо мебошад. Ӯ суол гузоштааст, ки чӣ гуна метавон хилофи ҳамаи меъёрҳо муҳтавои гуфтушунидҳоро бидуни мувофиқа бо ҷониби дигар дар нишасти матбуотӣ баён дошт?
Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд соат пеш Қамчибек Тошиев ба ҳамтои тоҷикаш протоколи марзиро имзо карда буд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расонданд, ки масоили марзиро бо роҳи гуфтушунид ҳал мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0