Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Вокуниши масъули Хистеварз дар бораи дурӯғгӯёну фирори сокинон: фазо дар марз ором аст

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода Таджикистана
Природа Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Бархе аз шахсоне, ки қасдан ба паҳни хабари бардурӯғ дар бораи ҳамлаи низомиёни қирғиз ба ҷамоати Хистеварз мардумро ба таҳлука афтонданд аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Матлуба Ҷӯрабойзода, муовини раиси ҷамоати Хистеварз дар бораи паҳни хабари дурӯғ, ки шаби гузашта боиси ҳарос ва фирори садҳо сокинони ҷамоат гардид, вокуниш кард
Ин масъули ҷамоати Хистеварз дар муроҷиати видеоӣ дар бораи чӣ гуна ба таҳлука андохтани сокинон таъкид намуда, гуфтааст, ки аз шиддати ҳаросу воҳима бахши аъзами аҳолӣ шаби гузашта хонаҳои худро тарк намуда ба шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва Гулистон кӯч бастанд.
“Ҳодисаи шаби гузашта, сокинони ҷамоати Хистеварзро сахт ба таҳлука андохт. Дар паи он маълумотҳои бардурӯғе, ки дар байни аҳолӣ аз тарафи баъзе ашхос паҳн гардид, тамоми мардуми Хистеварз ба дигар минтақаҳо кӯч бастанд”, - изҳор намуд масъули ҷамоат.
Уғулой Қосидова, масъулони матбуотии ҳукумати ноҳияи Б. Ғафуров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон чунин ҳодисаи ғайриинтизор дар Хистеварзро таъйид намуда, паҳни хабари бардурӯғро кору амали афроди ғоратгар шарҳ дода гуфт, ки баъзеҳо аз вазъи баамаломада дар марз истифода намуда, дар миёни мардум таҳлука ба вуҷуд оварда, хостанд аз ин нафъ бардоранд.
Ҷӯрабойзода дар идомаи муроҷиатномааш гуфтааст, ки бо корбарии сохторҳои ҳукумати ноҳия, мақомот ва кормандони ҷамоат то соати 3 - и саҳари 2 май аҳолии ҷамоат аз рахти кучбандӣ боз дошта шуда, дубора ба хонаҳояшон баргардонида шудааст.
Тавре муовини раиси ҷамоат иттилоъ додааст, баъзе аз шахсоне, ки дидаву дониста ба паҳни хабари бардурӯғ, ки гӯё “ҷониби қирғизҳо ба хонаҳои мардум дар Хистеварз ҳамлаи мусаллаҳона анҷом медиҳанд” машғул шудаанд аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир шуда, барои боздошти теъдоди дигар корҳои ҷустуҷӯӣ ҷараён дорад.
Паҳни чунин хабари бардурӯғ боис ба он шуд, ки аз соати 9: 30 шаби гузашта садҳо сокинони Хистеварз ҳамроҳ бо хонаводаҳояш ба қасди минтақаи амн тарки манзилҳояшон карданд.
Пункт пропуска на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Қирғизистон гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро баст
Дар пайи рухдоди ин ҳодиса шоҳроҳи Хуҷанд- Ғафуров пур аз мошинҳо шуда, боис ба тамбашавии ҳаракат гардид.
Аксу тасвирҳои чунин манзараро сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд.
Матлуба Ҷӯрабойзода бо пахши муроҷиатномаи видеоӣ аз тарқии шабакаи фейсбук ҳамчунин дар бораи оромии марз бо Қирғизистон таъкид намудааст.
Люди в масках в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Овоза: шаб дар Хистеварз чӣ гузашт ва чаро мардум аз хона фирор карданд?
"Шаҳрвандон ба маълумотҳои бардурӯғ бовар накунанд ва ба таҳлука дода нашаванд. Имрӯз фазои ҷамоати Хистеварз ором аст. Бозору мағозаҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ пурра фаъолият карда истодаанд. Он шаҳрвандоне, ки ба дигар минтақаҳо кӯч бастаанд ба хонаҳои худ соҳиб шуда, кору рӯзгорашонро пеш баранд”, - гуфтааст масъули ҷамоат.
Хистеварз яке аз калонтарин ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳияи Б. Ғафуров маҳсуб мешавад, ки беш аз 60 ҳазор аҳолӣ дорад. Ба ҳисоби Овчӣ Қалъача ин дуюмин ҷамоати ҳамсарҳад бо Қирғизистон мебошад.
Хистеварз ба ҳисоби 22, 5 километр ва Овчӣ Қалъача 18, 4 километр бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон сарҳад доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала