Ба мардуми Беларус фарҳанги Тоҷикистон муаррифӣ мешавад

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевПраздничный концерт на День матери
Праздничный концерт на День матери - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Моҳи августи соли равон дар Беларус ба муносибати 25-умин солгарди барқарор шудани муносиботи дипломатӣ миёни Беларус ва Тоҷикистон баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тибқи иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин бора cафири Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод хабар додааст.
Дипломати тоҷик иброз кард, ки ҷониби Тоҷикистон мехоҳад санъати кишвари худро ба таври васеъ муаррифӣ кунад ва ба муносибати санаи ҷашнӣ якчанд чорабиниҳо доир намояд.
“5 сентябр ба барқарор шудани муносиботи дипломатӣ байни Беларус ва Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Мо тасмим гирифтаем, ки конфронси байналмилалии илмӣ ташкил ва дар он натиҷаҳои муносиботи дуҷонибаро дар ин давра ҷамъбаст кунем”, — гуфт сафир.
Вай афзуд, ки давраи кунунӣ бо таъсири сирояти коронавирус ба ҳама равандҳо мушаххас мешавад, аммо мо, ба мисли Беларус, маҳдудияти бузург ҷорӣ накардем, марзҳо ва корхонаҳоро набастем. Дарвоқеъ, Беларус ягона кишварест, ки донишҷӯёни мо тавонистанд ба таҳсил бираванд.
Открытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе
“Маориф барои мо самти афзалиятноки рушди Тоҷикистон мебошад. Мо ният дорем, ки шумораи донишҷӯёнро ҳамаҷониба зиёд кунем. Афзоиши солонаи аҳолӣ дар мамлакати мо ба 2% расидааст ва аз ин рӯ ниёз ба хидматрасонии маълумотӣ афзоиш меёбад”, - зикр кард сафир.
Гуфта шудааст, ки ҳарду кишвар ҳамкории зич доранд ва дар масоили самаранокии созмонҳо, аз ҷумла СММ, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аз мавқеъҳои мушобеҳ амал мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала