Бонки миллӣ иҷозатномаи фаъолияти “СМТ-Сармоя”-ро бозхонд

© SputnikНациональный банк республики Таджикистан. Архивное фото
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ташкилоти амонатии қарзии хурд “СМТ-Сармоя”бозхонда шуд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Бонки миллӣ хабар додааст, ахиран мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2021, таҳти №71 иҷозатномаи ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя”, ки 10 апрели соли 2013, таҳти №67 дода шудааст, бозхонд карда шуд.
Бонки миллӣ фаъолияти ташкилотҳои “Наҷм” ва “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кард
Манбаъ қайд кардааст, ки расмиёти минбаъда дар бораи барҳамдиҳии ҶСП ТАҚХ “СМТ-Сармоя” тибқи қонунгузории ҷории амалкунанда татбиқ карда мешавад.
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Бонки миллӣ ба ширкати “ПКФ Тоҷикистон” иҷозатномаи фаъолият дод
Ёдрас мешавем, ки қаблан пеш Бонки миллӣ фаъолияти Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро қатъ кардааст.
“Азимӣ-Молия” хостори барҳамдиҳии ихтиёрӣ шуд
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар рӯйхати ташкилотҳои амонатии қарзии хурд 17 ташкилот сабти ном шудааст.
Лентаи хабарҳо
0