Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Даъвати ИЖТ аз рӯзноманигорони тоҷику қирғиз: ба эҳсосот дода нашавед

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевГлава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода
Глава Союза журналистов Таджикистана Зинатулло Исмоилзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар як муроҷиатномаи худ аз рӯзноманигорони тоҷику қирғиз даъват кардааст, ки хабарҳоро тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ, беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намоянд
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Дар иртибот ба муноқишаҳои даргире, ки охири моҳи апрел дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифтанд, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода ба журналистон ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва Қирғизистон муроҷиатнома ирсол намудааст.
Дар муроҷиатномаи Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, гуфта шудааст, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар баробари дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ташаннуҷи авзоъ дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки боиси ҳалокати одамон гардидааст, нигаронии шадиди худро изҳор менамояд.
“Рисолати касбии мову шумо, ҳампешагони азиз, тақозо дорад, ки барои расонидани ҳақиқат ва адолат хидмат намоем. Тибқи меъёрҳои касбиву ахлоқӣ, вазифаи расонаҳо беғаразона, мунсифона ва бидуни эҳсосот пешниҳод намудани мавод роҷеъ ба ҳаводис мебошад”, - таъкид доштааст Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зикр кардааст, ки ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ нобаробарии иҷтимоӣ ва тақсими захираҳои обӣ ба моҷарои марзӣ оварда расонда буд. Вале ба ин даргириҳо ва баҳсҳо нуқтаи охир нагузоштанд.
“Даргириҳо ва талошҳои марзӣ ҳодисаи нав нест, аммо ҳадафи аслии мо бояд инъикоси воқеъбинонаи ин масъалаи ниҳоят доғ бошад. Мутаассифона, чӣ дар расонаҳои чопиву электронӣ ва чӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди вазъ иттилои хушунатомез, пур аз эҳсосот ва кинаву адоват пахшу паҳн мегарданд”, - гуфт ӯ.
Зинатуллоҳ Исмоилзода афзудааст, мо, журналистон дар чунин вазъ бояд ба эҳсосот дода нашавем, балки ҳамаи масоилро дар тарозуи адлу инсоф баркашида, сабаби домана задани алангаи нафрату оштинопазирӣ набошем.
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
“Ягон кас намонд”: тафсилоти баргардонидани 10 гаравгони қирғиз
Вай илова кард, ки бо риояи меъёрҳои ҳирфавӣ ва ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар расонидани иттилои дурусту беғараз ва орӣ аз ҳангомаҷӯиҳо ба бинанда, шунаванда ва хонандаи худ мусоидат кунем.
“Бори дигар аз шумо, ҳампешагони азиз ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ инъикоси воқеии вазъият, таҳлили боинсофона ва пешниҳоди маводро бо далелу рақамҳои таҳрифношуда хоҳиш дорем”, зикр кард Зинатуллоҳ Исмоилзода.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала