Ҷанҷоли ду ҳамдеҳа ба кордкашиву куштор табдил ёфт: боздошти марди 29-сола дар Душанбе

CC BY 2.0 / DieselDemon / Knife OuttakeНож в руках, архивное фото
Нож в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 29-сола хабар дод, ки дар сӯиқасд ба одамкушӣ гумонбар дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсияи кишвар зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки номбурда, санаи 2-юми майи соли равон, ҳангоми дар кучаи Лоҳутии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол кардаааст.
“Бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан, бо корди ошхонагӣ 1-маротиба ба қисмати пушташ зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - таъкид доштааст ВКД-и Тоҷикистон.
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Кордкашӣ дар дохили нақлиёт: ҷавони 18-сола ронандаро 12 корд зад
Зикр шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардид, аммо мутаасифона тахминан соати 22:50-дақиқа аҳволаш сангин шуда дар бемористон ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала