Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

КДАМ Тоҷикистон: вазъ дар марз ором аст

© котиботи ҳукумати СуғдНизомиёни тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Низомиёни тоҷик дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
КДАМ Тоҷикистон эълон кардааст, ки хуруҷи нерӯҳои ва техникаҳои ҷангии ҷумҳурӣ пурра аз наздикии марз ба дохили кишвар интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. КДАМ Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо хабаргузории РИА Новости эълон кардааст, ки вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст ва тамоми нерҳо ва технакаҳои иловагии ҷангӣ ба дохили кишвар ба ҷойҳои мустақари доимӣ интиқол дода шуд.
Чанде пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ эълон кард, ки хуруҷи нерӯҳои низомии Тоҷикистон ва Қирғизистон марз хотима ёфт.
"Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаҳои иловагиро аз хатти сарҳади давлатӣ ба умқи қаламравҳои худ ба анҷом расониданд", - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, кори комиссияи муштарак оид ба санҷиши минтақаҳои наздимарзӣ идома дорад.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таъкид кард, ки вазъ дар марз бо Тоҷикистон "мӯътадил" боқӣ мондааст. Ҳамин тавр, дар давоми шаби гузашта ягон "ҳодиса ва тирпарронӣ" сабт нашудааст.
Военнослужащие Кыргызстана на территории приграничных кыргызских сел в Баткенской области, где идет конфликт с Таджикистаном. 29 апреля 2021 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Ороми дар марз: хуруҷи нерӯҳои Тоҷикистону Қирғизистон аз сарҳад хотима ёфт

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Дастури Содир Ҷабборов дар барои тафтиши муноқишаи марзӣ бо Тоҷикистон
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала