КҲФ: дар рӯзҳои истироҳатӣ ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии ду кӯдаки ноболиғ дар рӯзҳои истироҳат хабар дод
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Бино бар иттилои КҲФ-и Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатӣ дар обҳои Тоҷикистон ду кӯдаки ноболиғ дар об ғарқ шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ 1 май сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуда, ғарқ гардид.
“Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо карда, ба волидонаш супурданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар додааст, ки ҳодисаи дуюм санаи 2 май дар шарқи кишвар рух дод.
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Фоҷиа ва қаҳрамонии як ноболиғи тоҷик: модарро наҷот доду духтарча ғарқ шуд
Манбаъ қайд кардааст, ки фарзанди 7-солаи сокини деҳаи Косагардони Ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд.
“Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома доранд ва аз натиҷаи он хабар хоҳем дод”, - илова кардааст КҲФ.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бори дигар аз сокинон хоҳиш кардааст, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гашту гузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Ин гуна беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеа гардад.
Лентаи хабарҳо
0