39 дараҷа: обуҳавошиносон аз гармои шадид ҳушдор медиҳанд

© Sputnik / Амир ИсаевЛюди идут по улице в защитных масках
Люди идут по улице в защитных масках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Маркази обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳарорат то 34+39 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон бошад ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.
Выставка Я, Энди Уорхол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Коршиносон шарҳ доданд, ки кадом ниқобҳоро дар гармӣ пӯшидан мумкин нест
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи беориш мешавад. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 33+35 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0