Озодии 22 низомӣ аз сӯи Толибон ва мушакборони фурудгоҳи Қандаҳор

© AP / Rahmat GulПолиция у ворот университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение
Полиция у ворот университета в Кабуле, на который было совершено вооруженное нападение - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) 22 низомии вобаста ба давлати Афғонистонро аз зиндон озод кард
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) рӯзи якшанбе эълом кард, ки ин 22 низомии афғон дар вилояти Ғазнӣ дар шарқи Афғонистон озод шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бар асоси гузориши Толибон (мамнӯъ дар Русия), озодии зиндониёни давлати Афғонистон то иди Фитр идома хоҳад дошт.
Токунун мақомоти давлати Афғонистон дар бораи ин озодии зиндониён аз тарафи Толибон изҳори назар накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, ахиран сухангӯи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон эълом кард, ки Фурӯдгоҳи Қандаҳор, ки пойгоҳи низомиёни амрикоӣ низ дар он қарор дорад, субҳи имрӯз ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт.
Более 30 талибов уничтожено в афганской провинции Гельменд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Кай онҳоро интизор шуд? Толибон шимоли Афғонистонро зери назорати худ мегиранд
Санӣ Лигит имрӯз дар паёми твиттерӣ бо эъломи инки ин ҳамлаи мушакӣ талафоту хисороте дар пай надоштааст, ба ҷузъиёти бештаре аз ин ҳодиса ишора накардааст.
Вай дар ин робита ҳушдори Скотт Милер, фармондеҳи низомиёни амрикоиро низ мунташир кард, ки дар он ба гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) ҳушдор дода шудааст, ки “иштибоҳ накунед, мо таҷҳизоте барои посухи қудратманд дорем ва ба тамоми ҳамалот алайҳи нерӯҳои эътилоф посух хоҳем дод”.
Раиси амнияти полиси вилояти Қандаҳори Афғонистон низ имрӯз дар гуфтугу бо расонаҳои дохилии ин кишвар гуфт, ки ду ракета ба Фурӯдгоҳи Қандаҳор шиллик шуда, аммо хисороте надоштааст.
Саиди Шариф дар айни ҳол афзудааст, ки чаҳор ракети дигар дар шаҳристони Арғистон кашф ва хунсо шудааст, ки онҳо низ омодаи партоб ба сӯи аҳдофе дар Фурӯдгоҳи Қандаҳор будаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала