Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Пуле, ки дар миёни оташи ҷанг дар марз пойбарҷо монд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешМост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото
Мост через реку Зеравшан в городе Пенджикент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Аз тиру гулулаборони муноқишаи марзӣ ба ягона купрӯке, ки роҳи Исфараро бо ҷамоатҳои Сурху Чоркӯҳ ва Ворух мепайвандад хушбахтона осеб надидааст ва пойбарҷост
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Рӯзҳои 28 ба 29 апрел аз рӯи ин пул, ки дар деҳаи Чорқишлоқ, болои дарёи Исфара ҷойгир аст, даҳҳо тубу танкҳои ҷангӣ убур кардаанд. Деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки Исфара бо деҳаи Қаробоғи Қирғизистон ҳамсарҳад аст.
Роҳи миёни ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳ ва Сурх аз ҳудуди ҷамоати Шаҳрак, тавассути ҳамин купрук то ба маркази Исфара мерасад.
Сокинони наздимарзии Исфара дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон дар бораи эмин мондани ин пул аз таъсири тиру глулаборони рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар марз бо Қирғизистон таъкид намуданд.
“Дар вақти муноқиша чанд тир зада шудааст, вале хушбахтона ба купрук осеб нарасидааст. Он пойбарҷост ва ҳаракати мошинҳо аз болои он ҷараён дорад”, - гуфт сокини деҳаи Чорқишлоқ.
Ин купруки наздимарзӣ 4 - 5 метр бар ва 55 метр дарозӣ дошта, дуруст дар соли 2003 сохта шудааст.
Ситуация на границе Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
КҲФ ҳаҷми зарари расида ба Тоҷикистонро дар марзи Қирғизистон муайян мекунад
Муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 ва 29 апрел дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон зиёд харобаҳоро боқӣ гузошт. Бар асари ин руйдод аз ду ҷониб даҳҳо хонаҳои истиқоматӣ, иморату иншоотҳои ҷамъиятӣ ва мошину дигар муҳимоти сокинони оддӣ аз оташи силоҳ сӯхтаву хокистар шуданд.
Рӯзи 1 май ошташи муноқиша амалан хомӯш ва зиндагӣ дар навоҳии наздимарзӣ ба маҷрои пешини худ бармегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала