Раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон меояд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо даъвати Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи майи соли 2021 сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон хабар дод, ки дар Тоҷикистон раисҷумҳури Русия Владимир Путинро интизоранд.
"Дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2021 ташрифи президенти Русия Владимир Путинро интизоранд", - изҳор доштааст Қоҳир Расулзода.
Расулзода дар ин бора дар мулоқоти ахираш бо Михаил Мишустин, сарвазири Русия дар Қозон изҳор доштааст.
Президент России Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Кремле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.04.2021
Путин ба Тоҷикистон сафар мекунад
Ба гуфтаи вай, дар рафти сӯҳбати телефоние, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Русия Владимр Путин анҷом доданд, "қарор дода шуд, ки сафари расмии раисҷумҳури Русия Владимир Путни дар моҳи сентябри соли равон ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала