Зодрӯзи Муборакшо Ҷумъаев: рӯзи 3 май дар таърих

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 3 мая
День 3 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи 3 май - Рӯзи байналмилалии матбуоти озод, Рӯзи офтоб ва дар Ҷопону Полша – Рӯзи Конститутсия мебошад

Рӯзи 3 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1904 ихтироъкори америкоӣ Ҷорҷ Паркер аввалин қалами худро ихтироъ намуд.
Соли 1991 дар пойтахти Намибия "Деклоратсияи Виндҳук" ба имзо расид, ки ҳукумат ва давлатҳои ҷаҳонро ба таъмини озодии матбуот ва хусусияти демократӣ доштани он даъват мекунад.

Рӯзи 3 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Созмони умумиҷаҳонии туристӣ муҳокима карда шуд.
День 2 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2021
Зодрӯзи Мирзо Турсунзода: рӯзи 2 май дар таърих
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Япония, Давлати Кувайт, Ҷумҳурии Ироқ, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Венгрия, Ҷумҳурии Полша, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла эътимоднома супориданд.
Соли 2012 Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои журналистии мамлакат ВАО-ро қадрдонӣ намуданд. Дар ин рӯз аз ҷумла радиои "Ховар" бо ҷоизаи "Падидаи сол" сарфароз гардонида шуд.
Соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии дурӯзаи "Фазои меъморӣ: вазъ ва дурнамо" баргузор гардид.
День 1 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
Рӯзи меҳнаткашон, зодрӯзи Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева: рӯзи 1 май дар таърих
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе Китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих"-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони франсавӣ ба нашр расид.
Соли 2018 дар Душанбе ҳолати вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва САҲА муҳокима гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 май

Рӯзи байналмилалии матбуоти озод.
Рӯзи офтоб
Дар Ҷопон – Рӯзи Конститутсия.
Дар Полша – Рӯзи Конститутсия

Рӯзи 3 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1901 - шоир Муҳаммадҷон Раҳимӣ.
Соли 1938 - оҳангсоз ва мусиқишинос, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Муборакшо Ҷумъаев.
Соли 1949 - файласуф Фатҳиддин Сироҷов.
Соли 1954 - собиқ роҳбари "Тоҷикгаз", собиқ роҳбари Ҳизби демократ Маҳмадрӯзӣ Искандаров.
Соли 1961 - раққоса, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саида Файзалиева.
Лентаи хабарҳо
0