Қурби сомонӣ дар Тоҷикистон нисбати рубли русӣ ва евро боло рафт

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкКурс валют
Курс валют - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, қурби асъори аврупоӣ ва русӣ дар баробари сомонӣ бекурбшавиро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.6780 сомонӣ арзиш дорад. 30 апрел дар кишвар як евро 13.7323 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1504 сомонӣ нишон додааст. Бояд гуфт, ки санаи 30 апрел 1 рубли русӣ 0.1521 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6780 то 13.8400 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1504 то 0.1515 сомонӣ муқаррар шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Нигаронии иқтисоддонҳо аз коҳиши босуръати доллар дар ҷаҳон
Мавриди зикр аст, ки танзимгари бозори арз қурбро бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар дигар ташкилотҳои қарзии кишвар ва бонкҳо асъор метавонад якчанд сомонӣ болотар бошад.
Ёдовар мешавем, БМТ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин дар банкоматҳо ва терминалҳои кишвар манъ аст.
Риоя накардани ин талабҳо вайронкунии қонун ҳисобида шуда, ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0