Мулоқоти Туркия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи нақлиётро тавсае мебахшанд

© Sputnik / Табылды КадырбековПробка из фур, архивное фото
Пробка из фур, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Обуна шудан
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи нақлиёт дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 3 мая — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ мусоҳибон бо қаноатмандӣ аз ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ибрози назар намуда, зикр карданд, ки минбаъд низ ҷиҳати густариши ҳамкорӣ ва мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва Туркия чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки ахиран намояндагони вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Туркманистон бо ҳамдигар гуфтугӯи маҷозӣ карданд.
Ба нақл аз дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар ин ҷаласа намояндагони Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ва ожонси “Туркман Отавагларӣ” ва “Туркман Дамирёларӣ”-и Туркманистон ширкат карданд.
Морской порт Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Тоҷикистон мехоҳад барои ҳамлу нақли бор аз бандари “Туркманбошӣ” истифода намояд
Тарафайн дар гуфтугӯҳои дуҷониба дар заминаи ҳамлу нақли байналмилалии ҷодаӣ ва ҳамли бор аз тариқи роҳи оҳанро баррасӣ карданд.
Дар ин нишасти маҷозӣ ҳамчунин имкони истифода аз бандари “Туркманбошӣ” барои ҳамлу нақли бор ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Лентаи хабарҳо
0