ВКД: марди 55-сола, ки ҳамсарашро корд зад, боздошт шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки марди 55-сола, ки ҳангоми ҷангу ҷанҷол ба ҳамсари худ корд зад, боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян ҳодисаи мазкур санаи 30-юми апрели соли 2021, рух додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 46-солаи сокини ҳамон ҷо муноқиша карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба шикамаш задааст.
Гуфта шудааст, ки дар натиҷа, ҷабрдида мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати вазнин ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2021
Лоиқ ноболиғи 17-соларо корд зад
ВКД Тоҷикистон қайд кардааст, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Кормандонимилитсия тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала