Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Ятимов ва Аҳмадзода бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло чӣ гуфтанд?

Глава ГКНБ РТ Саймумин Ятимов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 3 май - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов дар оғози мулоқот аз ҳодисаҳои охир, ки дар минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон рух доданд, ёдовар шуда, гуфт, ки “бо дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи муноқишаҳо гирифта шуд.
“Ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон борҳо мулоқоту музокирот намуданд ва дар ҷараёни гуфтушунидҳо масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар қаламрави сарҳадии ҳарду ҷумҳурӣ баррасӣ гардиданд”, - гуфт Ятимов.
Вай афзуд, 1 май дар шаҳри Бодканди Қирғизистон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ташкил ва зимни баррасии вазъ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳарду ҷониб аз ҳодисаҳои ахир изҳори таассуф намуда, ба мувофиқа расиданд, ки фавран ба баргардонидани техникаи низомӣ ба макони ҷойгиршавии доимии онҳо шурӯъ мекунанд.
“Дар ҷараёни мулоқот оид ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифтааст. Ҷонибҳо ба таърихи қадимаи халқҳои бародар ишора намуда, омодагии худро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди тарафайн баҳри ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷудаи марзӣ изҳор намуданд”, - зикр кардааст раиси КДАМ Тоҷикистон.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки Ворух ва Чоркӯҳ таърихи куҳан дошта, мардуми ин сарзамин ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ доранд.
Ятимов қайд кардааст, ки давоми чанд соли охир дар рӯзи аввал иҷро шудани нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Мақомот аз сокинон даъват кардааст, ки фарзандони худро боз ҳам дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намуда, оинҳои неки ҳамсоядориро бо мардуми кишвари ҳамсоя ҳамеша риоя намоянд.
© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областисокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара
сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
сокинони деҳоти Ворух, Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара
“Яъне мардуми наздимарзӣ аз худ сабру таҳаммул ва хирадмандӣ нишон дода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадро дар фазои якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи музокирот ҳал хоҳанд кард”, - таъкид доштааст Саймумин Ятимов.
Инчунин раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо мардум иброз дошт, ки бартарафсозии оқибатҳои муноқишаҳои марзӣ идома дорад.
“Манзили истиқоматии сокиноне, ки бар асари муноқишаҳо хароб шудааст, пурра барқарор гардида, хонаҳои нафароне, ки аз даргириҳо осеб дидаанд, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин ба таъмир фаро гирифта мешаванд. Ҳамзамон аз тарафи давлат ба оилаҳои зарардида, захмиён ва қурбоншудагон кумакҳои моливу пулӣ дастрас мегарданд”, - гуфт Аҳмадзода.
Дар охири мулоқот Саймумин Ятимов ба оилаҳои қурбоншудагони даргириҳо изҳори ҳамдардӣ намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала