Дастури Рустами Эмомалӣ барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ва кумак ба собиқадорони Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанАбдулазиз Кодиров , ветеран ВОВ, долгожитель, 101-летний житель Шахринава
Абдулазиз Кодиров , ветеран ВОВ, долгожитель, 101-летний житель Шахринава - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Шаҳрдории Душанбе ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бора кумак ба собиқадорони ҷангу меҳнатро имзо кард
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Аз Шаҳрдории пойтахт ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, бар асоси қарори имзокардаи Рустами Эмомалӣ 316 ҳазор сомонӣ кумапулии якдафъаина ҷудо карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маблаъғи ҷудошуда ба 16 собиқадори ҶБВ 1,5 ҳазор сомонӣ ва ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд 800 сомонӣ ҷудо гаштааст.
Гуфта мешавад, кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ҷудо шуда, раисони навоҳии пойтахт муваззаф шуданд, ки кумакҳоро то шашуми май расонанад.
Открытие фестиваля военных фильмов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
“Ҳафтаи филмҳои ҷангӣ”: бозгашти тоҷикона ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Ҳамзамон бо қарори Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе баргузории барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ фоҷеаи даҳшатбори таърих буда, он дар қаламрави 40 давлат ва бо фарогирии 72 кишвари дунё ва ширкати 110 миллион нафар сурат гирифтааст.
Қурбонии ин ҷангро 50 миллион нафар арзёбӣ мекунанд, ки 27 миллиони он аз Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта мешавад.
Теъдоди тоҷикистониёни дар ин ҷанг ширкаткарда 300 ҳазор гуфта мешавад, ки аз ин шумор 92 ҳазор нафарашон ҳалокат шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала