Додгоҳи олии Қирғизистон ҳукми мушовири президент Равшан Собирови тоҷикро бекор мекунад

© Facebook / Икбол ТешаевРавшанбек Сабиров, новый вице-премьера Киргизии
Равшанбек Сабиров, новый вице-премьера Киргизии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Ҳангоми боздошт бо иттиҳоми ришваситонӣ Собиров ба ҳайси вазир ифои вазифа мекард. Ҳашт сол пеш, ӯ ба зиндон маҳкум шуда буд.
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон ҳукми мушовири президент ва ҳамзамон раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон Равшан Собировро бекор кард.
Тавре аз хадамоти матбуоти Суди Олӣ хабар доданд, дархости адвокат дар бораи баррасии парванда дар асоси ҳолатҳои нав ошкоршуда ва мутобиқи хулосаи прокурор қонеъ карда шуд.
Ҳамин тариқ ҳукми Суди Олӣ аз 23 майи соли 2013 ва ҳукми Суди шаҳри Бишкек аз 7 марти соли 2013 бекор карда шуданд. Парвандаи ҷиноятӣ барои баррасии нави шикоятӣ фиристода шудааст.
Гуфта мешавад, Собиров моҳи июли соли 2012 бо гумони фасод боздошт ва аз мақоми вазири рушди иҷтимоӣ барканор карда шуд.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Раиси Созмони тоҷикон мушовири президенти Қирғизистон таъин шуд
Қабл аз он, ёвари ӯро боздошт карданд, ки ӯро барои тамаъҷӯӣ ба маблағи 20 ҳазор доллар барои ҳалли масъалаи додани аккредитатсия ба як ширкати хориҷӣ барои кор дар соҳаи фарзандхонии байналмилалӣ айбдор мекарданд.
Тибқи иттилои КДАМ, ёрдамчӣ бо дастури роҳбарият ду маротиба ришва гирифтааст.
Додгоҳи шаҳри Бишкек Собировро ба 5 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Додгоҳи олӣ он замон тасмимро дастгирӣ карда буд.
Соли 2014 мансабдори собиқ тибқи қонуни авф озод карда шуд. Пас аз рӯйдодҳои моҳи октябри соли 2020, Собиров муовини сарвазир шуд.
Дар моҳи феврал, пас аз барҳам хӯрдани мақом, вай мушовири президенти Қирғизистон таъйин давлат таъин шуд.
Равшан Собиров 51-сола аст ва дар хонаводаи тоҷик дар ноҳияи Қаросуи вилояти Ӯш ба дунё омадааст. Аз моҳи августи соли 2008 раҳбарии созмони тоҷикони Қирғизистонро ба ӯҳда дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала