Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Додситонии кулли Қирғизистон аз оғози таҳқиқи муноқишаи марзӣ хабар дод

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСитуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном
Ситуация на границе между Кыргызстаном и Таджикистаном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Обуна шудан
Прокуратураи Қирғизистон ҷониби Тоҷикистонро дар истифодаи силоҳҳи гуногун аз қибили вертолёти ҷангӣ зимни муноқишаи марзӣ муттаҳам кардааст
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Додситонии кулли Қирғизистон аз оғози тафтишот оид ба муноқишаи марзӣ хабар додааст.
Дар иттилоияе, ки дафтари матбуотии ин ниҳод нашт кардааст, гуфта мешавад, ки амали артиши Тоҷикистон "аз иғво ва таҷовузи қаблан тарҳрезишуда алайҳи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти Қирғизистон шаҳодат медиҳад".
Ин дар ҳолест, ки қаблан Хадамоти марзбонии Тоҷикистон расман изҳорот дода буд, ки оташ нахуст аз ҷониби қирғизшо кушода шуд ва ҳатто дар он низомиёнро дар либоси мулкӣ истифода карданд.
Прокуратураи Қирғизистон, посухи ҷониби Тоҷикистонро ҳамлаи мусаллаҳона хонда гуфтааст, ки дар он аз пулемёт, миномёт, мошинҳои зиреҳпӯш, чархболҳои ҷангӣ ва дигар аслиҳаи артиш оташ кушода шуд.
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Прокуратураи генералӣ алайҳи ҳудуди 200 низомиву мулкии қирғиз парванда боз кард
Ин ниҳо инчунин қайд кардааст, ки ғаспи қаламрав ва маҳалҳои аҳолинишини Қирғизистон, инчунин ҳамлаи чархболҳои низомӣ ба посгоҳҳои сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон вуҷуд дошд.
Прокуратураи Қирғизистон гуфтааст, тафтиши парвандаи ҷиноии қаблан бозшуда бо моддаи 380 "Ҷиноят алайҳи сулҳ" -и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Прокуратураи ҳарбӣ идома дорад.
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта Прокуратураи генералии Тоҷикистон алайҳи як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Як манбаъ дар ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод тибқи қисми 2 - и моддаи 395 ва қисми 2, моддаи 104 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешаванд.
Ҳамзамон Прокуратураи генералии Тоҷикистон фарзияи расмии ҳодисаеро пешниҳод мекунад, ки 29 апрели соли 2021, тахминан соати 11, дар қаламрави деҳаи Хоҷаи Аъло дар марзи Қирғизистонро ироа мекунад.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Бино ба иттилои ин ниҳод, он замон дар рӯбарӯи дидбонгоҳи марзбонии №2-и “Хоҷаи Аъло”-и қисми ҳарбии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мавзеи пости “Головной”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ҳудуди 200 хизматчии ҳарбӣ ва сокини Қирғизистон дар назди сарбанди обтақсимкунии “Головной” ҳангоми аз ҷониби муҳандисони тоҷик насб гардидани камераҳои мушоҳидавии қаблан мувофиқашуда ҷамъ омаданд.
“Аз ягон масъала пурсон нашуда, шахсони мазкур бо иҷозат ва иштироки бевоситаи ҳокимияти расмӣ, алалхусус хизматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадии Қирғизистон ба тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон сангпартоӣ намуда, ҳамзамон ба буридани симчӯбе, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон кор мекард, оғоз намуданд. Баъдан иғвои мазкур ба бетартибиҳои оммавӣ, ки аз ҷониби Хадамоти сарҳадии Қирғизистон ташкил карда шуд, мубаддал гашт”, - мегӯяд ин ниҳод.
Бино ба иттилои ин манбаъ, барои ба эътидол овардани вазъ ба ҷои ҳодиса кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо роҳбарии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҳозир мешаванд, аммо ба сӯи онҳо новобаста аз мақоми расмиашон аз силоҳи автоматикии оташфишон бо ҳадафи ҳазфи ҷисмонии онҳо оташ кушода шуд.
“Дар натиҷаи ин ҳамлаи мусаллаҳона Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, инчунин як идда сокини маҳал ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд”, - мегӯяд Прокуратураи генералӣ.
Ин манбаъ меафзояд, ин афроди мулкии қирғиз ба ин ҳам қаноат накарда, бо пуштибонии шумораи боз ҳам зиёдтари хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии маҳаллӣ бо силоҳи оташфишон дар даст, техникаи ҳарбӣ ва дигар намуди силоҳи оташфишон ба аҳолии маҳаллӣ, объектҳои инфрасохторӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки ба халалдор сохтани тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон, ғасби ҳудуд ва хароб кардани моликияти хусусӣ ва давлатӣ равона шуда буд, ҳуҷуми мусаллаҳона карданд.

Таниш дар марз

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шоми 28 апрел, дар нуқтаи тақсимоти оби "Головная", ки дар болооби дарёи Исфара ҷойгир аст, сар зад.
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт. Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
Мубориза байни сокинони маҳаллӣ ба як муноқишаи мусаллаҳона мубаддал гашт.
Пас аз чанд рӯзи муноқиша ва ноамнӣ дар марз, мақомоти ҳама сатҳҳо тавонистанд вазъро ба эътидол оранд.
Дар Қирғизистон рӯзҳои 1 ва 2 май мотами миллӣ эълон шудааст.
Сарҳади давлатӣ байни тоҷикону қирғизҳо давра ба давра ба минтақаи муноқиша байни аҳолии маҳаллӣ ё марзбонони ду кишвар мубаддал мегардад.
Сабаб - минтақаҳои аломатнагузошта мебошад.
Кишварҳо натавонистанд дар бораи сарнавишти беш аз 70 минтақаи баҳсӣ пас аз пошхӯрии ИҶШС ба мувофиқа расанд.
Лентаи хабарҳо
0