“Ҳафтаи филмҳои ҷангӣ”: бозгашти тоҷикона ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ

© Sputnik / Amir IsaevОткрытие фестиваля военных фильмов
Открытие фестиваля военных фильмов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Дар толори синамои “Тоҷикфилм” ҷашнвораи филмҳои ҷангӣ таҳти унвони “Аз таърихи синамои тоҷик: ба истиқболи 76 – умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги ватанӣ (1941-1945)” шурӯъ шуд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Игор Лякин – Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар расми гушоиши ин ҷашнвора гуфт, ин чорабинӣ ду ҳадаф дорад, яке ин ки ҳафтаи филмҳои тоҷикиеро, ки аз сӯи “Тоҷикфилм” тайи чандин даҳа ба навор гирифта шуда буданд, ифтитоҳ мекунад.
“Дуюм, сар аз имрӯз ба як қатор чорабиниҳое, ки аз сӯи сафорати Русия ва “Россотрудничество” дар Тоҷикистон ба истиқболи 76 – умин солгарди ғалаба бар фашизми олмонӣ ба нақша гирифта шудаанд, ҳусни оғоз мебахшад. Ин ҳам баргузории мизи гирд, гулгузорӣ сари қабри қаҳрамонони он ҷанги таърихӣ ва ғайра хоҳанд буд”, - гуфт Игор Лякин – Фролов.
Ҷашнвора дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров, воқеъ дар бинои “Тоҷикфилм” баргузор мешавад. Дар рафти он филмҳоеро, ки шурӯъ аз замони Ҷанги Бузурги ватанӣ то солҳои 70 – ум аз сӯи “Тоҷикфилм” ба навор гирифта шудаанд, ба намоиш мегузоранд ва пас аз анҷоми тамошо суҳбатҳое ҳам бо ширкати тамошобинон ва синамошиносон анҷом мегиранд.
Назар Назаров, сармуҳаррири “Тоҷикфилм”, ҳамкори сафорати Русия ва “Россотрудничество” – маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон, гуфт, филмҳое, ки дар мавзӯи Ҷанги Бузурги ватанӣ аз сӯи “Тоҷикфилм” гирифта шудаанд, то ба ҳол аҳамияти худро чӣ аз лиҳози мӯҳтаво ва чӣ аз лиҳози кайфият аҳамияти худро гум накардаанд.
“Сабаб ҳам ин аст, ки мӯҳтавои аслии онҳо ватандӯстӣ аст, як эҳсоси ҷовидонае, ки барои ягон инсон бегона нест. Танҳо филми “Писари Тоҷикистон” бо ҳамкории “Союздетфилм” гирифта шудааст, бақия ҳама натиҷаи кори “Тоҷикфилм”-анд”, - гуфт Назар Назаров.
Выступление Хора Турецкого в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.05.2021
“Ҳатто кӯдакон ҳамовозӣ карданд”: консерти “Хори Туретский” дар Душанбе
Ҷашнвора аз 3 то 7 май идома мекунад. Шоми 3 май филми “Писари Тоҷикистон” – и коргардон Василий Пронин, аввалин филми ҳарбӣ дар Тоҷикистон ба намоиш омад, ки ҳанӯз соли 1942 аз сӯи “Тоҷикфилм” бо иттифоқи “Союздетфилм” гирифта шуда буд.
Рӯзҳои оянда филми "Ҳозирғоиб" (1965) – и коргардон Даниил Храбровитский (4 май), "Зане аз дуриҳо" (1978) – и коргардон Тоҳир Собиров (5 май), "Тобистони 1943" (1967) – и коргардон Маргарита Қосимова (6 май), "Дидорҳои кӯтоҳи ҷанги тӯлонӣ" (1975) – и коргардонҳо Абдусалом Раҳимов ва Станислав Чаплин ва "Ривояти зиндони Павиак" (1970) – и коргардон Суҳбат Ҳамидов (7 май) низ ба намоиш гузошта хоҳанд шуд.
Ба қавли масъулини “Тоҷикфилм”, дар умум ин студия ҳудуди 15 филмро аз даврони Ҷанги Бузурги ватанӣ рӯи навор овардааст ва онҳоеро, ки дар ҷашнвора ба намоиш мегузоранд, интихоби дастандаркорони ин ҷашнвора аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала