Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Ҷамъиятҳо: муноқишаи марзиро набояд ба қаламрави Русия кашонд

Очереди мигрантов в УФМС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Роҳбарони диаспораҳои қирғизҳо ва тоҷикони Маскав ба ҳамватанони муқими Федератсияи Русия даъват карданд, ки ба муноқишаҳои байни миллатҳо роҳ надиҳанд
Sputnik, Мария Науменко. Ин изҳорот дар пасманзари шиддат гирифтани вазъ дар қитъаи баҳсии марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон садо дод.
Хабарнигори Sputnik бо роҳаброни ҷамъиятҳо суҳбат карда, рушан кард, ки оё ин муноқиша ба муносибатҳои тоҷикон ва қирғизҳои пойтахти Русия таъсир расонидааст ва диаспораҳо чӣ гуна кӯшишҳоро барои пешгирии низоъҳои қавмӣ роҳандозӣ мекунанд.

Ҳоҷати ҷустуҷӯи масъулони фоҷиа нест

Афзоиши муноқиша дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон боиси пайдоиши "бисёр паёмҳои нигаронкунанда" дар гурӯҳҳои WhatsApp ва шабакаҳои Telegram шуд, зангҳои видеоӣ ба назар мерасиданд, ки "вазъро шадидтар карданд."
Генеральная прокуратура РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Прокуратураи генералӣ алайҳи ҳудуди 200 низомиву мулкии қирғиз парванда боз кард
Дар ин бора президенти созмони умумирусиягии "Конгресси Қирғизистон" Кубаничбек Кожоев ба Sputnik гуфт.
Вақте ки баҳс дар марз авҷ гирифт, Кожоев ҳамроҳ бо раиси Маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова дар Раёсати сиёсати миллӣ ва робитаҳои байниминтақавии шаҳри Маскав ҷамъ омада, ба ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ паёми видеоӣ сабт карда, онҳоро ташвиқ ба таҳаммулпазирӣ карданд.
"Мо барои пешгирӣ муроҷиат кардем, то баъзе саргармҳо ба ҷуш наоянд. Ҳеҷ кас манфиатдор нест, ки вазъияти муноқишавӣ, дуртар аз Маскав, ба қаламрави Русия интиқол дода шавад", - мегӯяд Кожоев.
Ҳамроқулова мӯътақид аст, ки тоҷикон ва қирғизҳо набояд "ба якдигар" ҷанҷол кунанд "ва масъулони хунрезиро ҷустуҷӯ кунанд.
"Мо бояд мунтазир шавем, то президентҳои ду кишвар, вазоратҳои корҳои хориҷӣ роҳҳои сулҳомези ҳалли низоъро пайдо кунанд. Тоҷикон ва қирғизҳо дар Маскав бояд намунаи олии дӯстиро нишон диҳанд, ки ин метавонад ба тасмими созандаи сарварон давлатҳо низ таъсир расонад", - мегӯяд Ҳамроқулова.

Тоҷикон ва қирғизҳо ҳамеша бо ҳам ҳастанд

Кубаничбек Кожоев қайд мекунад, ки тоҷикон ва қирғизҳоро фарҳанги муштараки чандинасра ба ҳам мепайвандад ва издивоҷҳои байни намояндагони ин халқҳо кам нестанд. Дар Тоҷикистон минтақаҳое мавҷуданд, ки дар онҳо қирғизҳо зиндагӣ мекунанд ва бо ду забон озодона ҳарф мезананд. Айни ҳол дар Қирғизистон низ чунин аст.
Ба гуфтаи вай, дар қаламрави Федератсияи Русия муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро ҷашни солонаи Наврӯз муттаҳид мекунад.
"Тоҷикон, ӯзбекҳо, қирғизҳо локомотиви ин ҷашн дар Русия мебошанд. Ҳазорон шаҳрвандон ба Наврӯз меоянд, ин як чорабинии муттаҳидкунандаи ризоияти байни миллатҳо ва сулҳ аст", - мегӯяд роҳбари "Конгресси Қирғизистон".
Ҳамроқулов таъкид мекунад, ки "Наврӯз" дар саросари Маскав аз соли 2006 инҷониб баргузор мешавад. Ва он кайҳо ба иди на танҳо умумишаҳрӣ, балки ба иди умумирусиягӣ ва ҳатто байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар он на танҳо диаспораҳои Маскав, ки одатан Наврӯзро ҷашн мегиранд, балки намояндагони дигар кишварҳо, аз ҷумла: Эрон, Покистон ва Афғонистон низ ширкат меварзанд.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
"Ғайр аз ин, мо қирғизҳоро ба бисёр чорабиниҳои тоҷикон даъват мекунем, аз ҷумла дар доираи лоиҳаи "Биёед дӯст бошем" бо онҳо як шоми муштарак гузаронидем ...
Инчунин, ба гуфтаи Кожоев, дар Маскав як қатор чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ, масалан, футбол, волейбол ва гӯштингирӣ баргузор мешаванд.

Мақомоти Русия ба ҷамъиятҳо кумак мекунанд

Диаспораҳо ҳам бо Маскав ва ҳам бо мақомоти федералӣ тамос доранд.

"Мақомоти давлатии Русия вазъи муҳоҷиронро хуб назорат мекунанд, таҷлили Наврӯз ва Рӯзҳои истиқлолияти ҷумҳуриҳои гуногунро дастгирӣ мекунанд", - мегӯяд Кубаничбек Кожоев.

Диаспораҳо инчунин ҳамкории зичро бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба роҳ мондаанд.
"Мулоқотҳо мунтазам бо намояндагони Раёсати корҳои дохилии Маскав, аз ҷумла сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД Русия генерал-лейтенант Валентина Казакова баргузор мешаванд. Чанде пеш, мо бо ӯ дар бораи мушкилоти муҳоҷирон, дар бораи қонунигардонии онҳо сӯҳбати ошкоро доштем. Мо мехоҳем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ тавонанд муътадил кор кунанд, то ҳолатҳое рух надиҳанд, ки мардум ихроҷ карда шаванд", - гуфт Хуршеда Ҳамроқулова.
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Сангу хокистар: аксҳои деҳаҳои харобшудаи Исфара баъд аз муноқиша бо Қирғизистон
Кожоев қайд мекунад, ки дар Русия инчунин чораҳои молиявӣ оид ба дастгирии диаспораҳо,мисоли кӯмаки грантҳои президентӣ амалӣ карда мешаванд. Аммо, ӯ аз мақомоти Русия даъват мекунад, ки ба таҷрибаи аврупоӣ аз наздик назар кунанд. Ба гуфти ӯ дар Олмон ва Британияи Кабир, ҷамоатҳои калон ба таври доимӣ субсидия мекунанд.
Ба андешаи ӯ, барои пешгирӣ аз адовати қавмӣ, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бояд бештар дар сатҳи давлатӣ гузаронида шаванд, то мардум муошират кунанд, бо тамоми ҷомеа бо ҳам пайванданд.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.
Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт. Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст. Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ, гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Абдуллоҳ Саидов, афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, қурбонии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Афсаре аз Нуробод: боз як домоди ба тӯй нарасида ва қурбонии танишҳои марзӣ
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала