Мулоқоти Муҳриддин бо намояндаи вижаи ИМА: аз сулҳ дар Афғонистон то ҳамкориҳо бо Амрико

© Дафтари матбуотии ВКХМулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод мулоқот намуд.
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik.Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, дар суҳбат, ки имрӯз доир гашт, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.

"Ҳамчунин роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, ба хусус раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, омодагӣ ба баргузории Конфронси муҳимми сулҳ дар Истанбул, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт", - афзудааст манбаъ.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид доштааст, ки Тоҷикистон мавқеи Ҳукумати Афғонистон ва кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амният ва сулҳу субот дар он кишварро ҷонибдорӣ менамояд.
Зимни баррасии робитаҳои ду кишвар дар қолабҳои бисёрҷониба, тарафҳо аз ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид, мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Противостояние национальной обороны Афганистана против террористов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Кабулов: Русия барои кушодани гиреҳи сиёсии Афғонистон кумак хоҳад кард
Роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллиро қайд карданд, афзудааст котиботи вазорат
Дар ҷараёни мулоқот инчунин зарурати пайгирии пайвастаи масъалаҳои рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ИМА таъкид гардидаас.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала