Бозори арз: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДоллары, рубли и евро
Доллары, рубли и евро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки ба поя нишондодҳо пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз эълон кард.
Ҳамин тариқ, имрӯз як евро аз рӯи нишондоди БМТ то 13.6361 сомонӣ арзиш дорад. 30 апрел дар кишвар як евро 13.7323 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Ин ниҳод арзиши 1 рубли русиро барои имрӯз дар Тоҷикистон 0.1502 сомонӣ нишон додааст. Бояд гуфт, ки санаи 30 апрел 1 рубли русӣ 0.1521 сомонӣ арзиш дошт.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6780 то 13.8400 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1504 то 0.1515 сомонӣ муқаррар шудааст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.6361 то 13.7300 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1502 то 0.1520 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0