Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси ИМА мулоқот кард

© NakibMurodovМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, бо намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, бо намояндаи махсуси ИМА оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Мавзӯи меҳварии мулоқоти ҷонибҳо сулҳ дар Афғонистон ва амниятии минтақа будааст
ДУШАНБЕ 4 май - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз бо намояндаи махсуси Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки бо боздиди корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқот кардааст
Бино ба иттилои котиботи президент, дар рафти мулоқот доир ба ҷанбаҳои гуногуни вазъи имрӯза дар Афғонистон, бахусус раванди барқарории сулҳу субот дар ин кишвар, ҳамчунин масъалаҳои мубрами минтақавию глобалӣ суҳбати пурмуҳтаво сурат гирифт.
Вобаста ба ин Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст, ки ҷараёни рушди вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва пешбурди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи ҷониби мо қарор дорад.
Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иёлоти Муттаҳидаи Америка барои сулҳ дар Афғонистон Залмай Халилзод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Мулоқоти Муҳриддин бо намояндаи вижаи ИМА: аз сулҳ дар Афғонистон то ҳамкориҳо бо Амрико
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон талошҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори амният ва сулҳу субот дар кишвар ҷонибдорӣ менамояд, таъкид карданд, ки дар ин зимн аз музокироти байниафғоние, ки ба ин манзур сурат мегиранд, истиқбол менамояд.
Мавзӯоти дигаре, ки дар меҳвари мулоқот қарор доштанд, ин вазъи имрӯзаи амниятии минтақа мебошад, афзудааст манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, роҷеъ ба ин мавзӯот ҷонибҳо зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳояшонро дар самти муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ қайд намуданд.
Дар ин робита таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон бо истифода аз ҳама зарфиятҳо ва имконоти мавҷуда минбаъд ҳам саъйю талош хоҳад кард, то ҷиҳати мусоидат ба ҳалли мушкилоти Афғонистон ва бозсозии иқтисодиву иҷтимоии он саҳми худро гузорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала