Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Раҳмон раисони ду ноҳияро таъйину барканор кард: мансабҳои нави Ҷобирзодаву Гулзода

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Имрӯз раисҷумҳуруи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳбарони ноҳияҳои Нурободу Шамсиддин Шоҳинро барканору таъйин кард
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik.Тибқи иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, президент Дӯстзода Ҳасан Тағдирро аз вазифаи роҳбарии ноҳияи Нуробод озод кардааст.
Котиботи президент, сабаби барканории Дӯстзодаро ба кори дигар гузаштани ӯ шарҳ додааст
Ҳамакнун президент бо як фармон дар ин вазифа Ҷобирзода Додарҷон Пулодро иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Нуробод таъин карда таъйин кардаст.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар ВКХ, маориф ва сохторҳои низомӣ: Раҳмон гуфт содиқона хизмат кунед
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон инчунин Зарифзода Почохон Ҳабибуллоро низ бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон озод кардааст.
Зарифзода Почохон Ҳабибулло дар вазифаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини аз 26 майи соли 2016 то кунун фаъолият мекард.
Тибқи фармони раисиҷумҳур ҳамакнун иҷрокунандаи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, Гулзода Зафар Шамсудин таъин шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала