Садамаи мудҳиш: ҳалокати Аъзамҷони 8 – сола зери чархи мошини Шоймардон

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи мудҳиши нақлиётие хабар медиҳад, ки дар пайи он писарбачаи хурдсол ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 3-юми майи соли 2021, тахминан соати 13:00 дар ноҳияи Кӯшониён сар задааст.
Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҷабзод Шоймардон Суҳроби 31-сола, сокини ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Комсомол ба самти деҳаи Заргари ҳамин ноҳия дар баромади деҳаи Комсомол, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дучархарони ноболиғ, Асоев Аъзамҷон Дустмуродовичи 8 – сола пахш кардааст.
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҳалокати аробакаши солхӯрда дар садама
Гуфта мешавад, писарбачаи хурдсол сокини ноҳияи мазкурро, ки роҳро аз тарафи чап ба рост убур мекард, зери қисми тарафи чапи автомашина мондааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Асоев А.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала