Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Дабири кулли СММ Душанбе ва Бишкекро ба риояи оташбас даъват кард

© REUTERS / Pierre AlbouyГенеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото
Генеральный секретарь ООН Антониу Гутерреш, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Антонио Гутерриш аз имзои оташбас ва тамосҳои сатҳи баланди Тоҷиикистону Қирғизистон истиқбол кардааст
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антонио Гутерриш аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват ба амал овард, ки барои таъмини риояи оташбас дар марз тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Дар ин бора зимни як брифинг намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик изҳор дошт.
"Дабири кулл ҳаводиси марзи Тоҷикистону Қирғизистонро бо нигаронӣ пайгирӣ кард. Вай дар робита ба ҳалокати одамон дар ҷараёни даргириҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият мекунад ва орзу мекунад, ки захмиён зуд шифо ёбанд", - гуфт Дюжаррик.
Ба гуфтаи ӯ, Гутерриш аз созиши оташбас, ки рӯзи 1 май ҳосилшуда ва тамосҳои президентҳо, сарвазирон ва вазирони корҳои хориҷии ду давлат истиқбол мекунад.
Прокуратураи генералӣ алайҳи ҳудуди 200 низомиву мулкии қирғиз парванда боз кард
"Вай аз ҳарду ҷониб даъват мекунад, ки барои таъмини риояи оташбас тамоми чораҳои заруриро биандешанд", - илова кард Дюжаррик.

Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.
Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Абдуллоҳ Саидов, афсари нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, қурбонии муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Афсаре аз Нуробод: боз як домоди ба тӯй нарасида ва қурбонии танишҳои марзӣ
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2021
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон то 9 май беш аз 100 километр марзро мушаххас хоҳанд кард
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала