Аз Сомон то Комроншоҳ: ширкати паҳлавонони тоҷик дар “Kazan Grand Slam 2021”

© International Judo FederationКомроншох Устопирён
Комроншох Устопирён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Обуна шудан
Мусобиқаи навбатии ҷудо – Гранд Слам дар дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон ширкат мекунад
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олипии кишвар, мусобиқа аз 5 то 7 май доир гашта, дар мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар ширкат мекунанд.
БА иттилои манбаъ, дар Гранд Слами Қазон ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни -60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо иттилоъ додааст, ҷиҳати иштирок дар мусобиқа 420 варзишгар (252 мард, 168 зан) аз 83 давлати дунё номнавис шудаанд.
Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Радабандии нави IJF: Сомон дар бистгонаи имтиёздорҳо ҷо гирифт
Мусобиқа 5 май бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60кг, -66кг миёни мардон, -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон оғоз мегардад. 6-уми май варзишгарон дар вазнҳои -73кг, -81кг миёни мардон, -63кг, -70кг миёни бонувон гуштин мегиранд.
Мусобиқа бо нерӯсанҷии варзишгарон дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг миёни мардон, -78кг, +78кг миёни бонувон анҷом меёбад.
Ба ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ тақдим карда мешавад: ҷои якум – 5000 доллар, ҷои дуюм – 3000 доллар, ду ҷои сеюм – 1500-долларӣ.
Лентаи хабарҳо
0