Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Боздиди Аҳмадзода аз Хоҷаи Аъло ва Сомониёну ваъдаи ӯ ба мардум - акс

© Хадамоти матбуоти раиси вилояти СуғдБоздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Раиси вилояти Суғд зимни мулоқот ба сокинони Хоҷаи аъло ва Сомониён гуфт, ки онҳо танҳо нестанд ва Ҳукумату давлат дар паҳлуяшон аст
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз супориши фаврии кишвардори Тоҷикистон, бобати давоми як моҳ барқарору бунёд кардани манзилҳои харобгашта ба деҳаҳои Хоҷаи аъло ва Сомониёни шаҳри Исфара рафт.
© Хадамоти матбуоти раиси вилояти СуғдМанзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён
Манзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Манзилҳои харобгаштаи сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониён
Бар хабари котиботи раисис ин вилоят, Аҳмадзодо бо сокинони зарардида аз таниши ахири марзӣ мулоқот намуда ба онҳо ваъда дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми манзилу биноҳое, ки сӯзонда ва ё хароб гардиданд, барқарор мешаванд.

"Давлат ва ҳукумат дар паҳлуи мардум аст ва бо дастгирии роҳбари давлат якҷо бо шумо тамоми биноҳоро бунёду барқарор месозем", - афзудааст Аҳмадзода ба сокиноне, ки манзилҳои худро аз даст доданд.

Манбаъ меафзояд, айни замон дар шаҳри Исфара ситоди корӣ ҷиҳати барқарорсозии хонаҳои истиқоматии минтақаҳои наздимарзӣ шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд.
© Хадамоти матбуотии раиси вилояти СуғдСокинони деҳаҳое, ки хонаҳои онҳо дар таниши ахири марзӣ валангор гардид
Сокинони деҳаҳое, ки хонаҳои онҳо дар таниши ахири марзӣ валангор гардид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Сокинони деҳаҳое, ки хонаҳои онҳо дар таниши ахири марзӣ валангор гардид
Сокинони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён изҳор доштаанд, ки манзилҳои онҳо аз тарафи шаҳрвандони кишвари ҳамсоя қасдан сӯзонда шуда, сипас онро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 5 май, кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Зимни суҳбат, роҳбари давлат супориш дод, ки на бештар аз як моҳ тамоми хонаҳои сокинон, ки бар асари даргирии мусаллаҳона қисман ва ё пурра хароб гардида буданд, бунёду барқарор шаванд.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон талаб намуд, ки раиси вилоят мунтазам аз хонаводаҳои мотамзада ва ҳамчунин оилаҳое ҷабрдида, дидан намояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала