Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Байден мехоҳад кӯдакони 12-15 - солаи амрикоӣ алайҳи коронавирус эм гиранд

© Министерство связи и информации Венесуэлы / Гузаштан ба хазинаи аксВакцинация от российской вакцины "Спутник V"
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Кишвардори Амрико мегӯяд, агар FDA истифодаи ваксин барои ин синну солро тасдиқ кунад, пас маъракаи эмгузаронӣ миёни кӯдакони 12 - 15 - сола оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки мақомот омодаанд фавран ба эмгузаронии кӯдакони 12-15 сола шурӯъ кунанд, агар танзимгари тиббии FDA истифодаи ваксинаҳоро барои ин синну солҳо тасдиқ кунад.
"Танҳо FDA ин тасмимро хоҳад гирифт. Аммо ман мехоҳам ба волидони амрикоӣ бигӯям, ки агар ин тасмим гирифта шавад, мо омодаем фавран амал кунем, то 20 ҳазор дорухонаҳо дар саросари кишвар барои эмгузаронии наврасон омода шаванд, - изҳор дошт Байден.
Ғайр аз ин, ӯ тадбирҳои навро барои баланд бардоштани дастрасии ваксина эълон кард.
Ба гуфтаи раисҷумҳури ИМА, ҳамакнун ваксин ба ҷойҳои дурдаст ва ноҳияҳои камбизоат фиристода мешавад ваҳамчунин нуқтаҳои хурди ваксингирӣ ташкил карда мешаванд.
Бо вуҷуди ин, Байден эътироф кард, ки раванди эмгузаронӣ сусттар гардидааст.
"Тавре ки мо интизор будем, акнун ваксинзанӣ пас аз он ки беш аз нисфи аҳолии калонсол эм карда шуданд, коҳиш меёбад", - гуфт президенти ИМА.
Амрико ҳамоно аз лиҳози шумораи бештари сироятёфтагон дар ҷаҳон, садрнишин аст. Дар ин кишвар шумораи сироятёфтагон ба 33 230 561 нафар баробар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала