Борону жола меборад: пешгӯии ҳавосанҷони тоҷик барои имрӯз

© Sputnik / Игорь Подгорный / Гузариш ба медиабонкСильный град, архивное фото
Сильный град, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон имрӯз боронӣ хоҳад буд. Ҳавосанҷон дар аксар манотиқи кишвар боридани жоларо пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳавои мамлакат имрӯз абриву боронӣ буда, ба амал омадани раъду барқ ва бориданижола аз эҳтимол дур нест.
Ба иттилои манбаъ, дар ВМКБ имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. дар ғарби вилоят рӯзона 20-25 ва шабона 7 12 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар шарқи вилоят бошад, рӯзона 10 - 15 дараҷа гармӣ ва шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва боридани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2021
Ҳушдори КҲФ аз раъду барқ, боронҳои шадиду жола ва селбиёӣ
Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола низ аз эҳтимол дур нест.
пешбинӣ шуда, дар қисми ҷанубии вилоят чангу ғубор боқӣ мемонад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешбинӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 14+16 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0