Додгоҳ ҳукми қотилони ронандаи таксиро эълон кард: яке 22 ва дигаре 12 сол гирифт

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Обуна шудан
Яке аз қотилони ронадаи таксӣ дар шаҳри Турсунзода ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ. мебошад, ки бо қарори додгоҳ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми ду муттаҳам дар қатли бераҳмонаи ронандаи таксиро эълон намуд.
Яке Зиёдуллоев А.А ва дигаре ноболиғ Раҳматов Х.Ҳ мебошанд, ки бо қарори додгоҳ якумӣ ба 22 сол ва охирон ба 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуд.
Бар хабари Додгоҳи Олӣ, ҳодисаи даҳшатбор рӯзи 9 декабри соли гузашта иттифоқ афтод.
Ҳар ду муттаҳам ба хотири ба даст овардани пули муфт нақша кашида, бо корд, дастпӯшакҳои тиббӣ ва сими пӯлодӣ муҷаҳҳаз шуда, ба дарёфти сайди худ баромаданд.
Онҳо дар истгоҳи тарабхонаи "Муждаи Васл" воқеъ дар маҳаллаи 2- юми шаҳри Турсунзода вохӯрданд.
Зимнан, автомашинаи "Тико" - ро киро карда, аз ронанда Шукуров М.М хоҳиш намуданд, ки онҳоро бар ивази 50 сомонӣ то назди сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон бурда расонад.
"Бо хоҳиши Зиёдуллоев А.А. ронанда автомашинаро аз шоҳроҳ ба самти деҳаи С.Раҷабов гардонида, тахминан баъди 200-300 метр масофаро тай кардан дар ҷои торикӣ автомашинаро манъ кардаанд", - омадааст дар хабари прокуратура.
Зимнан, онҳо ба ронанда 200 сомонаро дода, хоҳиш намуданд, ки ҳаққи хизматашро гирифта бақияи онҳоро бозпас диҳад.
Ронанда, ки аз амалҳои нопоки онҳо бехабар буд, ба ҳисоб кардани маблағ шурӯъ шуд, ки дар ин асно ба гарданаш сим андохта, хосанд ӯро буғӣ кунанд.
Аз бозе, Шукуров муқобилият нишон дод, ноболиғ бо корд 2 маротиба ба сару гардан ва 15 маротибаи дигар ба узвҳои ҳаётан муҳими ронанда зарба расонд.
Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки чун ин ҷиноятро Зиёдуллозода роҳбарӣ мекард, ба Раҳматови ноболиғ супориш дод, то бо корд сари ронандаро аз тан ҷудо кунад.
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
42 зарби корд барои 60 сомониву телефон: Саймумин гуфт, чӣ гуна таксиронро кушт - видео
"Чун ноболиғ аз ӯҳдаи ин кор набаромад, Зиёдулозода худ бо корди дар дасташ буда бо як бераҳмии махсус ба хирной, сурхрӯда ва рагҳои гардани ронандаи таксӣ зада, ӯро ба ҳалокат расонд.
Қотилон аз ҷайби ронандаи кушташуда 237 сомонӣ, як адад телефон, ки 3000 сомонӣ арзиш дорад, рабуда аз ҷойи ҳодиса фирор карданд.
Ба ҳамин минвол, гуноҳи ҳар ду дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ собит гардид ва ба солҳои муайян равонаи зиндон гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0