Ҷабборов гуфт, то охири сол масъалаи марз бо Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳал мешавад

© Sputnik / Табылды Кадырбеков Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Кишвардори Қирғизистон мегӯяд, назди худ мақсад гузоштааст, ки то анҷоми соли ҷорӣ масоили марзӣ бо Тоҷикистону Ӯзбекистонро ҳал мекунад
ДУШАНБЕ, 5 мая – Sputnik. Қирғизистон ният дорад, ки то охири соли равон масъалаҳои марзҳои номуайянро ҳал кунад, изҳор доштааст Содир Ҷабборов раисҷумҳури он кишвар.
"Мо ҳама медонем, ки масъалаи роҳандозии марз бо кишварҳои ҳамсоя даҳсолаҳо ҳалли худро наёфтааст. Мо мақсад гузоштем, ки соли равон дар масоили марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя созиш ба даст орем", - таъкид намудааст Ҷабборов.
Ба таъкиди ӯ, Қирғизистон азм дорад ба кишварҳои ҳамсояи худ як қатор лоиҳаҳои байнидавлатӣ, долонҳои нақлиётӣ, иртиботи ҳавоӣ, рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар марз, аз ҷумла чораҳо оид ба масъалаҳои мураккаб, аз қабили истифодаи об пешниҳод намояд.
Қисматҳои номуайян дар марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон давра ба давра ба минтақаи муноқишаи сокинони наздисарҳадии ду кишвар табдил меёбанд.
Охирин таниш байни сокинони назди марзии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 29 апрел ба муқовимати мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт.
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Суваналиев - роҳбари вилояти Бодканд истеъфо дод
Бар асари ин даргирӣ тақрибан 50 нафар аз ҳарду ҷониб кушта шуда, зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Илова бар ин, манзилҳои зист ва иншоотҳои инфрасохторӣ низ аз ҳар ду ҷониб хароб ва ё комилан сӯзонда шуданд.
Шоми 29 апрел ҷонибҳо дар бораи оташбас ва хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расиданд, аммо рӯзи дигар тирпаронӣ боз аз сар гирифта шуд.
Боз як сулҳи дигар баъд аз зӯҳри 30 апрел ба даст омад. Ҳоло вазъият дар марз ором арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала