Ба 16 куҳансарбози тоҷик аз номи президент, мири шаҳр ва раиси ноҳия 12 ҳазор тақдим шуд

© Хадамоти матбуоти раиси шаҳри ДушанбеАёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе
Аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
16 нафар куҳансарбозони шаҳри Душанбе бо кумаки пулӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Ба аёдати иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватан дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур як гурӯҳ иборат аз намояндагони Дастгоҳи раисиҷумҳур, муовинони Рустами Эмомалӣ ва ҳамчунин намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин се ноҳия дар солгарди навбатии таҷлили ғалаба дар ҶБВ рафтанд.
Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, зимни хабаргирии куҳансарбозон аз номи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо 10 ҳазор сомонӣ ҳамчун кумаки пулӣ тақдим карда шуд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2021
Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав меравад
Илова бар ин, аз номи Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, 1 500 ва аз номи раиси ноҳияи Сино 750 ва раиси ноҳияи Фирдавсӣ 500 сомонӣ ба ҳар кадоме ҳадя гардид.
Манбаъ меафзояд, аз тарафи Шӯрои собиқадорони ноҳия низ ба иштирокчиёни ҶБВ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе ҳоло 16 куҳансарбоз умр ба сар мебаранд.
Дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад то имрӯз 94 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Русия имсол Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ чун анъана 9 май таҷлил мешавад.
Дар чорабинии мазкур иштироки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала